Сентябрь, 2010 Archive

Аз таърихи Панҷрўд

Абдураҳмони Мустаҷир ном нависандае бо ҳамроҳии аскари Урусия, ки соли 1870 ба бо болооби Зарафшон экспедитсияи ҳарбӣ ташкил намуда буданд, ба сарзамини мо сафар кардааст ва маҳсули ин дидаҳояшро дар китоби «Рўзномаи сафари Искандаркўл» тасвир намудааст. Вай дар бораи Панҷрўд чунин менависад: «Баъд аз он тангӣ гузашта будем, ки як қишлоқи калоне намудор шуд. Ба […]

Пурсиши «психопат»

Салом дўстони ман! Агар гўям, ки вақти холӣ камтар дорам ва наметавонам, зуд-зуд ба ин саҳифа навгониҳо ворид кунам, хато хоҳад буд, зеро ҳамин чанд вақти охир тамоман бекорам ва дарк кардам, ки бекорӣ ба кас мисли беморие мечаспидааст. Чандин гуфтаниҳо дорам, аммо ҳавсала ва рағбатам нест. Чаро бояд дурўғ гўям, вақте ҳамин хел ҳаст? […]

Саргузашти Тангем

Вазъи нақлиёти пойтахт дар ин чанд рўзи охир, ки донишҷўён ба мактабҳо баргаштанд, хеле бад шудааст. Дирўз ба Тангеме нишастам. Баъди фурсате ронанда сари мошинро ба қафо тоб дод ва аз байни кўчаву паскўчаҳо гузашта, ба қавли худаш «коркунони литсензияро гўл зад». Баъди поён шудан аз мошин ба хотирам як навиштаам омад, ки тахминан 4 моҳ пештар иншо ва дар «Боргоҳи сухан» нашр шуда буд. Зарур донистам, ки онро пешниҳоди шумо хонандагон гардонам. Агар писанд омад, хушам.