Мо наметавонем!

nametonemМо ба ғайр аз гуфтан, дигар ҳеч коре кардан наметавонем
Ҳама ба мо пушт гардонданд, зеро мо ҳеҷ коре аз дастамон намеояд. Дар рўзҳои сахти сахте, ки ҳеч чиз аз дастамон наомад, фаҳмидем, ки ҳеҷ коре кардан наметавонем, ба ҷуз аз бечоранолӣ. Мегўед, ки ман хато мегўям? Маро ба нотавонии худам мутаҳҳам мекунед? Ба ин айби мондаи шумо розиам, аммо шумо гўед, ки кӣ метавонад дар ҳамин шабу рўз барои миллат, ватан, халқ коре кунад? Чӣ кор?
«Роғун»-ро баҳона карда, роҳи оҳанро бастанд? Бастанд! Ҳоло, ки бо пофишории онҳо тасмим гирифта шуд, дар сохтмони ин нерўгоҳ (иншооте, ки ба ҷуз аз мо ба касе дигар таллуқ доштан наметавонад) ташхис гузаронида шавад, роҳ барои вагонҳои «зиндонӣ» боз нашуд. Касе аз дасташ коре омад? Рафтанд, нишастанд, гуфтанд (ягона коре аз дастамон меояд) ду даст дар бинӣ омаданд. Магар ҳамин тавр нест?
Ду рўз пас аз офат чанд вагони бори худи моро иҷзоат доданд, ки ба манзил расад, мо дар посух ба ғайр аз «раҳмат, ҷаноби олӣ» гуфтан, дигар коре кардан натавонистем. Ин навбат ҳақиқатро ҳатто барои худамон гуфтан натавонистем. Натавонистем гўем, ки бояд ин вагонҳову дигар борҳо ҳам бояд саривақт ба манзил расанд, зеро ҳамсоякишвар бо мо дар ин бора шартнома дорад. Танҳо гуфтан тавонистем, ки роҳбари онҳо хайрхоҳ аст, дар баробари кулфати мо бетараф нест. Аммо натавонистем гўем, ки баъди чанде агар вагонҳои дигар ба манзил нарасанд офати дигар – қиммативу қаҳтӣ, ки аз ҳар офати дигар камие надоранд, ба сари мо ҷабр хоҳанд кард.
Мо фақат метавонем гўем, ки нархи сўзишворӣ дар Душанбе боло рафт. Шояд гўед, ки ҳамин як кор аз дастамон омад, ки нархи сўзишвориро баланд кардем? Ҳамин тавр не? Не, мо на танҳо нархи сўзишворӣ, балки нархи обу ҳавои худамонро наметавонем як танга бо ихтиёри худ болову поён кунем! Барои ин ҳастанд касоне, ки ба ҷои мо «ғамхорӣ» карда, нархнома тартиб медиҳанд. Чунки мо иқтисод чӣ, арифметикаро ҳам наметавонем. Ду ҷамъи дуи дигарон маъмулан панҷ (баъзан чор) шавад, аз мо як, баъзан нол мешавад.
Як нотавонии дигарон дар марз, лекин ҳеҷ нест, ки ба дигарон сироят кунад. Дар марзҳои Тоҷикистон баъди минакорӣ боз арбадаҷўӣ ҳам карданд. Касе, ба ҷуз аз он, ки ба худи мо хабар диҳад, чизе дигар гуфту кард? Накард! Кай? Дар куҷо? Марҳамат, канали телевизиони хориҷии К+ (мо худамон худамонро хабардор кардан наметавонем) иттилоъ дод, ки дар марзи Зафаробод бо Ўзбекистон ду нафар шаҳрванди Тоҷикистонро сарҳадчиёни ўзбек аз хоки кишвари мо даст баста, аз гиребонашон кашон-кашон бурданд. Ба ҷуз аз он, ки ҳамсари ин асир бо нола имдод мехосту бародараш шарҳи ҳол мегуфт, дигар вокунише нашуду нест! Чунки касе чизе кардан наметавонад! Даъвогаре надорем. Мабодо нафареро ба даъво фиристем, худ бо чанд даъвои дигар пас меояд ва Худо медонад, ки баъди омаданаш ў аз мо ҳаст, ё не. Зеро мо наметавонем, ки худиро аз бегона фарқ кунем!
Бемории нобудаеро ба сари мо оварданд, қабулаш кардем, чунки мо наметавонем рад кунем, иммунитет надорем! Наметавонем донем, ки чӣ беморист, ё наметавонанд ба мо фаҳмонанд, ки ин чӣ мариз аст, ки маҳз ба сари мо омадааст. Ҳоло наметавонем кафолат диҳем, ки ин беморӣ то кай дар ҳавои мо мегардаду боз ҷони чанд нафарро се рўз (мегўянд дарозои ин беморӣ ҳамин мўҳлат аст) ранҷ медиҳаду қабз мекунад.
Жириновский пешниҳод кард, ки Тоҷикистонро ба Расия ҳамроҳ карда шавад, ё умуман муносибат бо Душанбе қатъ гардад. Натавонистем дар баробари як аҳмақ сукут кунем. Ягона кори аз дастамон меомадаро кардем. Хеле навиштему гуфтем. Моро на таклифи ҳамроҳ шудан кайфар кард, балки пешниҳоди қатъ кардани муносибат нотавон кард. Тарсидем, ки бе Расия мемурем. Натавонистем хўи бардагиро аз худ дур кунем…
Инак, сарҳади бе ин ҳам дарбастаро расман ба рўямон бастанд. Рў ба раҳми Худо мешинем. Ин кор аз дастамон меояд! Ана боз як коре, ки метавонем кунем, аммо ин кор нест, ин беамалист. Фардо Қирғизистони ошўбдида ҳам марзашро мебандад. Ҳамон Қирғизистоне, ки барои бастани сарҳадаш аз ҷониби Қазоқистон чанд муддат маҷрои обро ба Ҷамбул баст ва қазоқҳо маҷбўр шуданд, ки сарҳадашонро дубора кушоянд. Аммо мо наметавонем обро бандем. Аз дастамон намеояд. Не, мо бисёр ҳам мехоҳем, аммо наметавонем, зеро ҷойе надорем, ки обро нигоҳ дорем, ё сўе надорем, ки маҷрояшро ба он тараф гардонем. Дурустараш, наметавонем, ки ҷойе ё сўе дошта бошем.
Наметавонем фаҳмем, ки чаро ҳамаи ин маҳз ба сари мо, ки наметавонем «Роғун»-ро созем, наметавонем вагонҳоямон аз банд раҳо кунем, наметавонем мардумамон аз офат наҷот диҳем, наметавонем аз фақр бароем, хулас, наметавонем, ки касеро озор диҳем, омадааст. Наметавонем, ки ҳайрон нашавем…
…Ва ҳоло боз шоҳиди чандин нотавониамон хоҳем шуд, ҳамон ҳам агар дар баробари талош барои ҳаёт натавонем нест шавем. Дар акси ҳол наметавонем бинем, ки боз то чӣ ҳад наметавонем коре кунем.

4 Responses to Мо наметавонем!

  1. БИБИ ХОНУМ

    Шухратчон, рост мегуед. Бадиаш ин аст, ки ин натавонистан боз анкариб ки ба ифтихор табдил ёбад. Ва боз ин ки, аз натавонистанамон хатто шармамон намеояд.ман хайрон ки хамон номуси точики, ки ин кадар мегуем, дар кучо бояд ба кор ояд. Барои ободии миллату Ватан, ки ору номус набошад, пас чи одамиямон мемонад. Хар хам мехураду мезияду мемирад.Сурудхои нангу орро бедоркунандаи телевизионамон хам рагу хуни рохбаронамонро ба чуш наовард. Нангу номус хам фаросати будааст. Фаросатамон кам шудааст, фаросатамон!!!

  2. Хушнудам, ки ба навиштахои ман шарх навиштаед. Мамнун.

  3. «Мо ба ғайр аз гуфтан, дигар ҳеч коре кардан наметавонем».

    Мо гуфтан хам наметавонем, гуфтан хунари бузург аст, гуфтан омезиши мантик, балогат ва фасохат аст. Гуфтане, ки мо метавонем монанди бонги гов ва ханги хар аст! Ин дигар хунар нест

  4. Ман бо Шумо рози шудан наметавонам, чунки мо бисёр чизхое мегуем, аз бонги гову ханги хар хам бемаззатаранд. Ба бонги гову ханги хар касе окибат диккат медихаду барояш обу алаф мегузорад…