Ман Шуморо интизор будам, интизории ман тўл накашид ва инак, Шумо меҳмони ман ҳастед.
Дӯст ояд гарм дар оғӯш гир,
Расми хуби тоҷиконро гум макун!
Шояд Шумо худро дар меҳмонии ману андешаҳоям нороҳат ҳис кунед, аммо ман ҳар чї ҳастам, ҳаминам, маро ҳамин тавре, ки ҳастам, қабул кунед. Он гоҳ Шумо дўсти ҳақиқиед, вагарна бароятон љои беҳтарин www.odnoklasniki.ru аст.
Баъзан ман барои дӯстонам мегӯям, ки муҳим он нест, ки ман чӣ мегӯям, балки муҳим он аст, ки ман чӣ мекунам. Ҳамин навиштаҳои ман гуфтан нест, балки амал аст, ҳамин бунёди хонаи интернетӣ шаҳодати амал аст.
Ба ҳеч (аслан ин калима бо «ч» навишта мешавад) «марҳамат» нагуфтанҳои ман аҳамият надиҳеду «қадам» ранҷа кунед.
Равоқи манзари чашми ман ошёнаи туст,
Карам намову фуруд о, ки хона хонаи туст!
Шўҳрат ________________________________________________________________
Cалом! Хеле хуб! Гап нест (нет слов). Так держать!
Барои чи суратхои Панчруд нест?
Салом Абдушофеъ! Хеле хурсандам, ки аз ин сахифа дидан карди! Худо хохад, хамин, ки шароит даст дод, албатта хамааш мешавад. Хар чизе навишта дори, бароям бифирист, ман онро ин чо дар сахифа сабт мекунам.
Шухрат
Ха-ха рафик Давлатшоев, ана мехмон шудем, лекин чою дастархонатон кани??? Мехмона хамин хел пешвоз мегиранд-ми? Магар чунин пешвозгири мехмонон расми хуби точикон аст?
Салом Парвина!
Медонед, «дуст ояд гарм дар огуш гир» гуфтаанд.
Боз гуфтаанд, ки «Дили холи биёи майлат, аммо, Наё ту дасти холи хонаи ман!»
Шухрат
SHURIK! A STUDENCHESKIE GODI?
Ooo, salom dustam! Skoro budet’, esli smojesh otprav svoi vspominanie, i konechno fotografii.
S uvajeniem Shuhrat
Салом акаи Шухрат. Барои чи Афзал Панчуруди будасту Накиб Саидо не!
Хохиш менамоем хатогиатонро ислох намоед. Набошад Одинаи Узбак, Туйчии Фони ва Акрами Андарихам сураташа монед.
Салом Аъло! Медонам, ки Накиб Саид хам панчрудист, аммо холо маълумоту суратхои ин шоири забардастро дар даст надорам. Бо аввалин имконият дар бораи уву дигар шахсони машхури деха маълумот зам хохам кард. Интизор бош!
Салом Устод! Мо аз Шумо фахр мекунем! Кушед то бештар дар бораи Панчруд ва абармардони ин диёр ба сомонаи худ ворид созед!
Салом Голиб!
Хушхолам, ки аз ин сахифа дидан карди! Хар чизе лоики дар ин сайт чо кардан дар даст дори ба почтаи ман бифирист, миннатдор мешавам.
Шухрат
Салом ба акаи Шуҳрат .
Сомонаи шуморо тоҷикони штати Вермонт дида хело хурсанд шуданд, ташаккур .Агар имконият даст диҳад сурудҳои Афзалшоро тариқи mp3 гузоред. Бо эҳтиром хабарнигори маҷалаи ЧАШМА аз ИМА.
Салом Ако. Мехмони нохондаро кабул намоед (аммо мо бехтар аз тотор 🙂
Сайтатон хеле ачоиб. Сайт хам ба мисли як хона аст, чун сохтан ё хариди хонаро табрик гўякнд мо ба Шумо боз намудани хонаи виртуалиатонро табрик мегўем.
Андешахоятонро хондаму настроениам дигар (+) шуд (дар бораи Саъди Шерозй). Ба ин аблаххо ин кадар эътибор надихед, онхо чунон хатохое мекунанд, ки!!! Шумо як маротиба пули дахсомонаммонро гиреду харф ба хар хонед (албатта шеърашро). Чунон хатогии аблахонаву дагалона, ки.
Агар хуб мешуд, дар поёни андешахоятон чои «Оставить комментарий» мегузоштед…
Худо нигахдоратон бошад.
Бо эхтиром Бахтиёр аз Ягноб.
Салом,
хеле хуб вале навоварихо кам,,,
Салом устоди мехрубон ман аз ин сайти кушодаи Шумо хеле хурсанд шудам.
Салом Устод! Ман сайти кушодаи Шуморо дида хеле хурсанд шудам! Вале чаро навовари ба назар намерасад?
Салом Fолиб. Хамин, ки имкон даст дод албатта менависам. Агар тавони ягон маводи хуб дар бораи диёр бароям фирист. Муваффак бош.
Шухрат.
Салом ба точикон ИМА!
Хеле хушам, ки сайти маро хондаед. Мутаассифам, ки наметавонам хохиши шуморо ичро кунам, зеро хануз сахифаи ман имконияти чой додани МР3-ро надорад.
Бо эхтиром Шухрат
Салом Бахтиёр!
Хушхолам аз суханхоят! Мархабо ба кулбаи мо!
Навиштахоятро зам кардам ва медонам, ки он чо чанд хатои услубиву мантики хаст вале дар ин маврид хомуш будан бехтар аст.
Барори кор!
Шухрат
Салом Мурод!
Навовари дар сайтхои хабари бешта хаст дустам, хаёти мо якранг аст, аз ин ру чизи нав камтар аст дар сайт, вале умед дорам, ки бо аввалин фурсат онро зиёдтар кунам.
Комёб бош!
Шухрат
Салом Сино!
Ташаккур, Худо ба ту илми Синои бузургро дихад!
Муваффакият!
Шухрат
Салом Давлатмурод!
Ба хурсандии ту мо хам шарикем. Агар навигари мехохи ягон лахзаи хаётро ба хотир ор, ман онро ин чо сабт хохам кард. Харчанд аз солхои муаллимиам ёддоштхо хастанд (махсусан дар синфи шумо), вале фурсат даст намедихад.
Барори кор!
Шухрат
Салом! Давоми кино чи шуд????
Ман барои ту кинотеатрам? Холо мохвораам кор намекунад, хамин ки бех шуд, давомашро «тамошо» хохи кард.
Салом хамшахр! бенихоят оличаноб, ба рости хар вакте фахмам, ки як хамшахри ман ба як дастоварде ноил шуда бошад хеле хушхол мешавам, аз ин хам хеле хушхол хастам.
Аммо дар бораи «хамдиёрон» хеле кам аст, мо натанхо Рудакиву, Камолу, Афзал дорем балки дахо бузургворони дигар дорем, ки мехохам онхоро низ ворид намоед , дар охир барори кор.
Салом Шухратчон!
Навиштахоят зебо ва бархоста аз дарди рузи миллатанд ва аз ин ру ба дарди хар хонандае мехуранд.
Бароят барору муваффакият таманно мекунам.
Мамнун. Мо хама барои ин миллат зода шудаем ва хар касе бо амале бояд ин рисолатро анчом дихад. Хунари бехунарии мо хамин гуфтан асту бас. Ба Шумо хам муваффакият ва комёби таманно дорам. Обод бошед!
Салом акои Шухрат!
Хело шод шудам. Алалхусус гуфтахои шумо оиди суруди Юлдуз…ман хам хамин сурудро шунавам хамон давра дар ёдам мебиеяд. Ачаб даврае буд….
Дуруд бар Саломат!
Шодам, ки аз ин сахифа дидан кардед. Мамнун! Агар гўям, ки ин давра барои ман тиллоӣ буд, шояд муболиға карда бошам, аммо ҳақиқат ин аст, ки дили ман барои он давра гум мезанад. Дареғ, ки наметавонем он давраро пас гардонем…
Салом акои Шухрат ман чандин маротиба вориди сайти шумо шудам хатто аз ин истифода бурдам бисёр мехнат кардед. Бехтарин Худо хохад руз ба руз аз ин бехтар мешавад. БА ПЕШШШШШШШШШШШШШШШ!!!!!!
Салом Акмал!
Хеле хушам, ки ба ин саҳифа чашм давондӣ. Агар заррае ин навиштаву заҳматҳои ман ба ту писанд омадааст, хурсандам, ки ногуфтанӣ. Аз ташрифат мамнунам. Ҳар вақте метавонӣ дархосте аз ин саҳифа дошта бошӣ, ман ҳозирам, ки ба қадри имкон онро амалӣ кунам. Ба ту бурдборӣ мехоњам.
Бо эҳтиром Шўҳрат
Дуруд!!!
Аз рузгори мардуми саргумзадаву гариби худ гох-гохе бинавис!!!
Барори кор!
Дилам барои он бародарони ғариб месўзад, аммо наметавонам барояшон коре карда бошам. Навиштаҳои пучи ман ба дарди онҳо, ки нахурад, аз иншояшон чӣ суд? Худо ҳамаи Шуморо дар паноҳи исматаш нигоҳ дорад.
салом устоди мехрубон мо аз ин сайти кушодаи шумо хело хурсандем ,ва хохиш дорам, ки хамон чашни устод ва суратхои Панчрудро бисёртар нашр мекардед!!!!
Салом Файзали! Ташаккур! Мамнунам, ки ин сахифа мисли ту хонандагон дорад. Хохишатро дар рузхои наздик албатта ба чо меорам. Барори кор!
Шухрат