Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ

Ин мард шеъри тоҷикӣ, балки гуфтори тоҷикиро асос гузоштааст. Ў саромади сухан аст. Ў аз он диёрест, ки ману бисёре аз дўстонам дар он ҷо ба воя расидаем, аммо ҳеч гоҳ кадоме аз мову гузаштагонамон ба пояи ин марди бузург нарасидааст. Зиҳӣ шоир!

Зиҳӣ, фузуда ҷамоли ту зебу ороро,

Шикаста сунбули зулфи ту мушки сороро.

Қасам бар он дили оҳан хӯрам, ки аз сахтӣ

Ҳазор тарҳ ниҳодаст санги хороро,

Ки аз ту ҳеҷ мурувват тамаъ намедорам,

Ки кас надида зи сангиндилон мадороро.

Ҳазор бор худоро шафеъ меорам,

Вале чӣ суд, чу ту нашнавӣ “Худоро”-ро?!

Чу Рӯдакӣ ба ғуломӣ қабул агар бикунӣ,

Ба бандагӣ написандад ҳазор Дороро.

***

Ба ҳақ нолам зи ҳиҷри дӯст зоро,

Саҳаргоҳон чу бар гулбун ҳазоро.

Қазо гар доди ман настонад аз ту,

Зи сӯзи дил бисӯзонам қазоро.

Чу ориз барфурӯзӣ, мебисӯзад,

Чу ман парвона бар гирдат ҳазоро.

Нагунҷам дар лаҳад, гар з-он ки лахте,

Нишинӣ бар мазорам сӯгворо.

Ҷаҳон ин асту чунин аст, то буд,

Ва ҳамчунин бувад, инанд боро!

Ба як гардиш ба шоҳаншоҳӣ орад,

Диҳад дайҳиму тоҷу гӯшворо.

Ту-шон зери замин фарсуда кардӣ,

Замин дода мар эшонро зағоро.

Аз он ҷонбӯз лахте хуни раз деҳ,

Сипарда зери пой-андар сипоро!

***

Гирифт хоҳам зулфайни анбарини туро,

Ба бӯса нақш кунам барги ёсамини туро.

Ҳар он замин, ки ту як раҳ бар ӯ қадам биниҳӣ,

Ҳазор саҷда барам хоки он замини туро.

Ҳазор бӯса диҳам бар сиҳои номаи ту,

Агар бибинам бар мӯҳри ӯ нигини туро.

Ба теғи ҳиндӣ, гӯ, дасти ман ҷудо бикунанд,

Агар нагирам рӯзе ман остини туро.

Агарчи хомӯш мардум, ки шеър бояд гуфт,

Забони ман бар вай гардад офарини туро.

***

Кас фиристод ба сир-андар айёр маро,

Ки макун ёд ба шеър-андар бисёр маро.

В-ин фижаҳпир зи баҳри ту маро хор гирифт,

Бираҳонод аз ӯ эзади ҷаббор маро.

***

Дило, то кай ҳамеҷӯйӣ манеро,

Чӣ дорӣ дӯст ҳарза душманеро?!

Чаро ҷӯйӣ вафо аз бевафое.

Чӣ кӯбӣ беҳуда сард оҳанеро?!

Аё савсан, баногӯше, ки дорӣ,

Ба рашки хештан ҳар савсанеро!

Яке з-ин барзане нороҳ баршав,

Ки бар оташ нишонӣ барзанеро.

Дили ман арзане, ишқи ту кӯҳе.

Чӣ сойӣ зери кӯҳе арзанеро?!

Бибахшо, эй писар, бар ман бибахшо,

Макуш дар ишқ хира чун манеро!

Биё, инак нигоҳ кун Рӯдакиро,

Агар беҷон равон хоҳӣ танеро.

***

Имрӯз, ба ҳар ҳоле, Бағдод Бухорост,

Куҷо мири Хуросон аст, пирӯзӣ он ҷост.

Соқӣ, ту бидеҳ бодаву мутриб, ту бизан руд,

То май хӯрам имрӯз, ки вақти тараби мост,

Май ҳасту дирам ҳасту бути лоларухон ҳаст,

Ғам нест в-агар ҳаст, насиби дили аъдост