Бобоям

Бобои Рустамшо

Бобои Рустамшо

Бобои Рустамшоҳ

Бобои ман, бобои оддӣ набуданд, балки Бобои намунавӣ, қадрдон, доно, оқил, насиҳатгў ва кони ривояту ҳикоят буданд. Агар ман чизе навиштаву дар пеши чанд кас сухане гуфтан тавонам, пас ин заҳмати Бобоям аст. Ман аз Бобоям ифтихор мекунам. Бобои ман (Худо раҳматашон кунад) солҳои зиёд дар Боғи Рўдакӣ боғбон буданд. Бо бисёр бузургон аз ҷумла Турсунзода, Раҳимзода, Герасимов (ҳамоне, ки гўри Рўдакиро пайдо кардааст) ва дигарон нишастаанд, аз ин вохўриҳояшон ҳикоятҳои ҷолиб доштанд, ки фурсат даст диҳад, ин ҷо хоҳам овард.