Валерий Турсунов:
Ман зидди Сўҳроб Қосимов нестам, ҷонибдори футболам!
Сўҳбати ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, собиқ футболбози машҳури дастаи номдори «Помир» Валерий Турсунов бо хабарнигорони ОИВ «ВС» дар байни дўстдорону мухлисон ва коршиносони футбол ҳангомаеро ба вуҷуд овард. Зарур донистем, ки тарҷумаи ин сўҳбати пурмўҳтаворо пешкаши хонандагон гардонем.
— Валерий Юлдошевич, сол ба охир расид, соли 2012 барои даври минбаъдаи фаъолияти федератсия калидӣ хоҳад буд. Ба чорсолаи гузашта чӣ гуна баҳо медиҳед?
— Ин мавсим дар таърихи футболи тоҷик аз ҳама бадтарин буд. Бохтҳои тими мунтахаб, нокомии чемпионати миллӣ, хулоса, хатогиҳо бисёр буданд.
— Барои ислоҳи ин хатоҳо аз тарафи шумо коре анҷом дода шудааст?
— Мехостам ба рушди футболи кўдакона кўмак кунам, нақшаи таъсиси лигаҳои мактабӣ, донишҷўӣ, кўдаконаву наврасӣ, машғулиятӣ ва касбиро доштам. Чунин барнома ҳаст, мехостам аз рўи он кор кунам. Вақте дар Хуҷанд мусобиқаи байналхалқии кўдакона ташкил кардам, аз ҷониби ФФТ ба нофаҳмӣ дучор шудам. Ин ҳам баъди он, ки мусобиқа аз тарафи FIFA ва роҳбарияти вилояти Суғд, аз ҷониби худи раиси вилоят, дастгирӣ ёфта буд.
Чунин ба назар мерасад, ки котиби генералии федератсияи футбол Шералӣ Давлатов аз футболи касбӣ хабар надорад. Ман бо вай дар мавриди тақсими маблағҳои кўмак 27 аз тарафи AFC (Конфедератсияи футболи Осиё – КФО) норозӣ будам. Мувофиқи ин барнома ба Тоҷикиситон барои мураббиёни кўдакон, ба 18-20 нафар ба маблагӣ 400-500 доллар дар як моҳ ҷудо карда шудааст.
Ба ман мураббиён муроҷиат карда, хоҳиш намудаанд, ки ин масъаларо бинам. Кўмак 27 соли 2006 аз тарафи КФО барои рушди футболи кўдаконаи мамлакатҳое таъсис ёфтааст, ки ҳамин мабалағҳо ба он ҷо равона шуда буданд. Аз соли 2006 то 2008 кўмак ба мураббиён намерасид ва маблағҳо аз тарафи котиби генералии ФФТ Шералӣ Давлатов, ки муттасаддии ин барнома аст, ба корҳои дигар равона мешуданд. Ҳар сол ба муддати 7-8 моҳ ба маблағи 150-200 доллар дар як моҳ дода мешаваду халос. Мураббиён ба ин хунукназарии роҳбарияти ФФТ нисбати корашон норозӣ буданд.
— Киҳо дар рўйхати гирандагони кўмаки барномаи AFC AID27 ҳастанд?
— Ин маълумот махфӣ аст, аммо кўмак 27 дар ин сол то ба 200 ҳазор доллар зиёд шудааст.
— Шумо медонед, ки дар ФФТ чанд нафар кор мекунанд?
— Тахминан 70 одам. Медонам, ки ҳар кадоми онҳо 100-140 сомонӣ дар як моҳ мегиранд. Ҳадди зиёд 17-20 нафар барои идора намудани футболи мо басанда аст ва боз 10-12 нафар барои лигаи касбии футбол. Бояд кормандони федератсия маоши хуб гиранд ва ҳар кас бояд ба кори касбии худ машғул шавад. Ҳаминро бояд гўям, ки дигар ин хел давом карданаш мумкин нест.
— 70 корманд. Оё ҳамаи онҳо дар гузашта бо футбол алоқае доштанд?
— Дар он ҷо мутахассисоне чун ҳуқуқшиносҳо, менеҷерҳо, кормандони матбуоту техникӣ ва дигарон ҳастанд, ки гузаштаи футболӣ доштанашон муҳим нест. Дигар ин, ки қисми зиёди кормандони ФФТ нозирон ва доваронанд, ки чунин набояд бошад. Ҷойи бисёре аз онҳо ФФТ нест, аммо намехоҳам, ки диққатро маҳз ба ҳамин чиз ҷалб кунем.
— Барои чӣ шуморо аз ФФТ ҷавоб доданд? Шуморо аз вазифаатон гирифтанд?
— Ҳеҷ кас маро аз корам барканор накардааст. Барои ин фақат нишасти ФФТ ҳақ дорад. Аммо ҳеҷ кас дар ёд надорад, ки ҷаласаи охирини кумитаи иҷроияи федератсия кай буд. Дар чор соли охир ягон маротиба баргузор нашудааст.
— Ба шумо боре савол додаанд, ки чаро дар футболи мо чунин батартибӣ ҳукмрон аст?
— Бале, борҳо додаанд ва ҳоло ҳам, масалан, мепурсанд: «Турсунов, шумо дар футбол ном баровардаед, худи шумо чӣ кор мекунед?» Онҳо рост мегўянд ва дуруст танқид мекунанд. Ҳар чӣ ҳам набошад, ман ноиби президенти ФФТ ҳастам. Фикр мекунам, ки мо ҳоло ба нуқтаи заъфамон расидем. Барои ман муҳим аст, донам, ки ҳоло дар кадом мавқеъ қарор дорем. Тими мунтахаби мо дар нисбати ҳарифонаш аз гурўҳ – Ҷопон, ҶХДК ва Ўзбекистон на танҳо дар футбол, балки дар муносибат бо он ва касбият, дар дуриҳои дур қарор дорад. Масалан, дар Ҷопон як вақт худи сарвазир котиби генералии ассотсиатсияи миллӣ буд. Вақте мебинӣ, ки дигар федератсияҳо роҳи тўлониеро тай кардаанду мо дар як ҷо пой мезанем, шармовар аст. Мо ҳатто дар як ҷо намеистем, балки ба поён ғеҷидаем.
— Барои чӣ тими мунтахаб ин натиҷаҳоро дорад?
— Дар ин сол дастаи мунтахаб бозии бисёр кард. Аз ин 7 бозӣ дар даври интихобии МҶ-2014 аст. Ман бо Олимҷон Рафиқов сўҳбат кардам, барои тайёрӣ вақт кам буд. Дар чемпионат бозиҳо амалан баъди як рўз монда шудаанд, барои барқарор шудани бозигарон ҳафта зарур аст. Бозигарон бояд қувват гиранд, на ин ки онро дар бозиҳои тақвими нодурусти чемпионати Тоҷикистон аз даст диҳанд. Ин мағлубиятҳо ба рўҳияи бозигарон таъсири сахт мерасонад. Аммо, мо минбаъд медонем, ки чӣ кор кунем.
— Шояд баъди мағлубият аз Сурия бо ҳисоби 0:4 мураббии пештараро барканор намекарданду ба вай имкон медоданд, ки марҳиларо ба охир расонад?
— Не, ман чунин намеҳисобам. Рафиқов дар ҳақиқат мураббии хуб аст. Имрўз вай яке аз беҳтарин мураббиён аст. Вай бозии «Истиқлол»-ро ба роҳ монд. Аммо сатҳи футболи мо ҳамин аст. Дар ҳақиқат, ҳар мураббӣ хато мекунад, аммо вай мактаби «Рубин»-ро гузаштааст. Дар «Истиқлол» сатҳи фаъолият дигару дар дастаи мунтахаб масъулият бештар аст, зеро ҳарифон мураббиёни номдор доранд. Вақти кам дошт, чизеро дигар кардан мушкил буд. Фикри ман ин аст – мо ба бозиҳо сарбаландона мағлуб мешавем гуфта баромадем ва дар бораи ҳуҷум кам фикр кардем, ба қувваи худ бовар надоштем, аз ин рў натиҷа ҳам чунин шуд.
— Дастаи мунтахаби мо пешсаф надошт. Ин фикр асос дорад?
— Бале, қисман ҳамин тавр аст. Номдорҳо нестанд. Дар Русия чанд дастпарвари мо ҳастанд, ки пурқувваттар менамоянд. Масалан, Алишер Ҷалилов, Муҳаммад Султонов ва дигарон. Аммо мувофиқи қарори нави Шўрои футболи Русия мо наметавонем онҳоро ба дастаи худ ҷалб намоем. Агар бозигар, ҳатто шаҳрвандии Русияро дошта бошад ҳам, дар дастаи мунтахаби мамлакати дигар бозӣ кунад, аз соли дигар чун легионер ҳисобида мешавад. Акнун мо наметавонем, ки онҳоро даъват кунем. Ин чиз андак ба дастаи мунтахаб зарба зад. Акнун мо академияҳо таъсис дода, бояд ҷавононро дар ҳамин ҷо тарбия намоем. Аз ин рў ҳамаро бояд аз футболи кўдакона оғоз кунем.
— Агар ҳоло ба ҷойи ин мусоҳиба, ҷаласаи ҳисоботӣ-интихобӣ мебуд, шумо ба фаъолияти федератсия дар давраи ҳисобот чӣ баҳо медодед?
— Базўр се. Ҳарчанд соли 2007-ум буд, ки дастаи мунтахаби ҷавонон ба мусобиқоти ҷаҳон баромад.
— Шумо тарафдори онед, ки ҷаласаи ҳисоботӣ-интихобӣ дар рўзҳои наздик баргузор шавад. Мешавад, ки онро ба 31-уми декабри соли 2012 гузоранд?
— Дар ин бора қарорро на як нафар, балки кумитаи иҷроияи ФФТ мебарорад. Агар ғайриқонунӣ интихоботро мавқуф кунанд, президенти ФФТ-ро метавонанд, ки аз вазифааш барканор кунанд. Чунин воқеа дар ин сол дар Тайланд буд, ки метавонистанд роҳбари ассотсиатсияи миллиро аз кор гиранд. Вақти муносиб барои гузаронидани нишаст ин 7-уми январи соли 2012 аст. Қисми зиёди аъзоёни кумитаи иҷроияи ФФТ ҷонибдори ин таъриханд.
— Киҳо аъзои кумитаи иҷроия ҳастанд?
— Дар нишасти пешини ҳисоботӣ-интихобӣ ба кумитаи иҷроия инҳо интихоб шуда буданд: Сўҳроб Қосимов, Валерий Турсунов, Ботур Ахмедов, Исроил Шарипов, Рустам Марофиев, Ватан Абдураҳмонов, Қувваталӣ Сайдалиев, Дамир Камолиддинов, Алиаҳмад Мирзоев, Раҳмоналӣ Рашидов, Шариф Назаров.
— Ба мо маълум шуд, ки ба ҳамаи ассотсиатсияҳои футбол барои мусобиқоти ҷаҳон чиптаҳо ҷудо шудаанд. Онҳо ба кӣ мерасанд?
— Чипатаҳо ба ҳамаи федератсияҳои миллӣ ҷудо карда мешаванд, шумораашонро метавонед аз котиби генералии федератсия пурсед. Ин чиз барои тарғиб ва оммавӣ кардани футбол анҷом дода мешавад. Мусобиқоти ҷаҳонро бо чашми худ дидан орзуи миллионҳо мухлис аст. Ҳаққи гирифтани ин чиптаҳо дар 2 чемпионати охир ба Баччинӣ дода шуда буд.
— Кӣ аст ин Баччинӣ?
— Мишел Ҷаннӣ Баччинӣ – сарвари ширкати 2 WAYS S.P.C., агенти футбол, ки фаъолияти асосиаш баргузор кардани вохўриҳои рафиқона аст. Вай аз ФФТ ҳаққи соҳиб шудан ба чиптаҳои МҶ дар Германия ва Африқои Ҷанубиро гирифта буд. Ба ғайр аз ин ФФТ ба вай ҳаққи маркетингии пахши вохўрии Тоҷикистон бо Ҷопонро дод.
— Шумо худатон дар ҶАҶ будед?
— Ҳа. Дар он ҷо конгресси FIFA пеш аз оғози МҶ шуд. Мо дар бозии якум будем, хеле диданӣ буд.
— Агар Баччинӣ шарики ФФТ аст, барои дастаи мунтахаб чанд бозии рафиқона ташкил кардааст?
— Даста 2-3 бозӣ гузаронд, ки онҳоро рафиқона гуфтан мушкил аст. Ин бозиҳо омодагӣ буданд. Мо бо онҳо чун ҳариф-шарик будем. Мо бояд барнома барои чанд сол дошта бошем. Дигарон ҳама корашон ба нақша гирифта шудааст ва вақту хоҳиш надоранд, ки бо мо бозии рафиқона кунанд. Мо бояд аз сифр сар карда, обрў ёбем. Дар акси ҳол ҳарифони ҷиддӣ ҳеҷ гоҳ бо мо бозӣ нахоҳанд кард. Дар ёд доред, ки имсол Қатар ва Эрон маблағи зиёд сарф карда, Русияро даъват намуданд, чунки русҳо рейтинги баланд доранд.
— Шумо қайд кардед, ки Баччинӣ ба кори пахши вохўрии Тоҷикистон – Ҷопон шарик аст.
— ФФТ ҳаққи пахшро ба вай дод, ки маблағи калон аст. Чуноне қайд кардам, фаъолияти асосии вай ташкили вохўриҳои рафиқона аст, на пахши бозӣ.
— Ба мансаби роҳбари ФФТ Рустами Эмомалӣ номзад аст. Номзадаҳои дигар нестанд. Ҳамин хел аст?
— Ҳамин хел фикр мекунам, дар мансаби сарвари футболи ҷумҳурӣ номзади беҳтареро намебинам. Муҳим ин аст, ки вай футболро дўст медорад, бозиро мефаҳмад, медонад, ки чӣ тавр дар футбол ба дигаргунӣ даст ёфтан мумкин аст. Бар замми ин, Рустам аъзои Шўрои олимпии Осиё аст. Вайро президенти FIFA Йозеф Блаттер, президенти UEFA Мишел Платинӣ ва дигар пешвоёни футболи мамлакатҳои бузург мешиносанд. Ба вай, бо онҳо муносибат кардану ба футболи тоҷик манфиат овардан, осонтар аст.
— Имкони номзадии дубораи президенти феълии федератсия ҳаст?
— Мо бояд ҷаласаро мувофиқи устави ФФТ гузаронем. Ман муқобили пешниҳоди номзадҳои дигар нестам, аммо фурсати аз нав ташкил намудани футбол дар Тоҷикистон расидааст ва мехоҳам, ки он рў ба беҳбудӣ ниҳад. Ман зидди Сўҳроб Қосимов нестам, аммо ҳоло талабот ба футбол тағйир ёфтааст. Охир футбол фаротар аз бозӣ аст.
— Чаро ин гапро пештар нагуфтед?
— Ҳар гап фурсати худро дорад, акнун имкон пайдо шуд. Мо ба ҷойе расидаем, ки аз Афғонистон мағлуб мешавем, аз ин бадтар намешавад. Бинед, ҳакамон чӣ гуна доварӣ мекунанд. Синни баъзеҳо аз 50 гузаштааст. Раиси кумитаи доварон набояд, ки чун довар фаъолият кунад. Ин хел мумкин нест, бояд ба меъёрҳои байналхалқӣ гузарем. Дар футболи мо даврае буд, ки доварон намерасиданд, аз ин рў сарфи назар карда, иҷозат доданд. Акнун он замона гузашт.
Дар дигар мамлакатҳо ҳам чунин буд, аммо оҳиста-оҳиста аз чунин усул даст кашиданд, дар натиҷа доваронашон дар мусобиқоти ҷаҳон ҳакамӣ мекунанд. Лигаи олии футболро дар ҳайати 10-12 даста ташкил кардан мумкин аст. Иқтисодиёти мо бой нест, ки то чил бозӣ гузаронем. Дар Русия — 16 даста, 30 бозӣ, дар Ўзбекистон — 14 даста, 26 бозӣ. Бозиҳо дар мо баъди як рўз баргузор мешаванд. Ин нодуруст аст. Ин хел чемпионат дар мо то ҳол набуд. Ин масхарабозӣ аст.
— Метавонед гўед, ки ФФТ имсол аз созмонҳои байналхалқӣ, аз ҷумла FIFA, чӣ қадар маблағ гирифт?
— Тахминан наздики як миллион доллар. Ҳарчанд барои инкишофи футбол ин, албатта, кам аст.
— Шумо тасаввур карда метавонед, ки баъди нашри ин сўҳбат роҳбарияти ФФТ чӣ вокунише нишон хоҳанд дод?
— Умед дорам, ки роҳбарияти ФФТ нисбат ба футбол дар мамлакати мо беҳис нестанд.
_______________________________________________________
El clasico
1 миллиард доллар дар майдони футбол
Дербӣ не, El clasico
3 набардро дар ҷаҳон чун муқобилияти сатҳи сайёравӣ қабул кардаанд. Сабабҳои ҳамдигарбадбинӣ ва муқобилияти дастаҳои шотландии «Селтик» ва «Глазго Рейнҷерс», ҳамчунин аргентинагии «Бока Хуниорс» ва «Ривер Плейт» дар навбати аввал масъалаҳои динӣ ва ҳудудӣ аст. Маълум, ки баъд сабабҳо бо мурури замон афзоиш меёфтанд. Маълум аст, ки ин дастаҳо барои чӣ мубориза мебаранд, ин дербии (ин истилоҳ дар футбол набарди ду дастаи як шаҳр аст) анъанавӣ шудааст.
Муқобилияти «Барселона» ва «Реал»-ро наметавон дербӣ номид (ин ду даста дербии худро доранд, — «Барселона» — «Эспанйол» ва «Реал» — «Атлетико»), аз ин рў набарди ин ду дастаро дар Испания «El clasico» меноманд. Муқобилияти ин ду даста, чун зиддияти ҳудудии таърихии Кастилия ва Арагона бо мурури замон ба муқобилияти Испания ва Каталония табдил ёфтааст. Каталониҳо худро чун миллати алоҳида, давлати мустақил дар давлати дигар медонанд ва доимо даъво мекунанд, ки Каталония ин Испания нест. Испания музофоти зиёде дорад, аммо дарди сарро фақат Кишвари Баскҳо ва Каталония ба вуҷуд меоранд. Пойтахти Каталония шаҳри Барселона аст, ки бо Мадрид муқобилият дорад. Барселона шаҳри «девона» аст, дар ин ҷо Пабло Пикассо ва Педро Алмадовар эҷод кардаанд, «падари шаҳр» Антонио Гауди дар он меъмории ҳайратовар кардааст, ки маъруфтаринаш Собори Хонаводаи Муқаддас аст. Вай дар зери трамвай монда мурдааст, аз ин баъд ҳаракати трамвай дар Барселона манъ карда шудааст. Маълум аст, ки дар чунин шаҳри пур аз эҷодкорони зўр, дастаи футболаш низ бояд зўр бошад.
«Барселона» ва «Реал»
Фақат швейсарӣ Жоан Гампер, ки соли 1899 ба Барселона омада буд, ҳанўз дар ин бора намедонист. Вай дар рўзнома эълон дарҷ намуд, ки дастаи футбол ташкил карданист ва 29.11.1899 Клуби футболи Барселона расман ба қайд гирифта шуд. 8-уми декабр дастаи нав бо тими мунтахаби баҳрнавардони англис бозӣ карда, бо ҳисоби 1:0 дастболо шуд. Се сол пас дар Мадрид дастаи «Реал» таъсис дода шуд.
Чемпионати аввалин дар Испания соли 1929 гузаронида шуд, ки дар он «Барса» ғолиб омад. Дар он замон муқобилияти ин ду даста аз ҳама тамошобини зиёдро ҷамъ меовард.
Дар солҳои панҷоҳум, вақте дар футболи клубӣ тағйироти ҷиддӣ рух дод, аллакай «Реал» ва «Барселона» чун зўртарин дастаҳои Испания ном бароварда буданду дар сафҳояшон пурқувваттарин футболбозон бозӣ мекарданд. Агар даврони «Реал» дар солҳои панҷоҳум ба номи дон Сантяго Бернабеу сахт вобастагӣ дошта бошад, пас дар «Барселона» ин солҳо даврони Ладислао Кубала буд. Вай дар ин клуб 11 мавсим бозӣ карда, то ҳол бозигари беҳтарини «Барса» дар ҳама давру замон дониста мешавад. Бурди асосии Сантяго Бернабеу дар он буд, ки Алфредо ди Стефано дошт. Ин бозигарро «Реал» аз «Барса» бо муборизаҳои шадид ба даст оварда буд.
Соли 1959 «Барса» дар охири мавсим «Реал»-ро мағлуб намуда, қаҳрамони Испания мешавад. Қуръакашии Ҷоми қаҳрамонҳо ду дастаи испаниро дар нимфинал ба ҳам меорад ва «Барса» тайёр буд, ки ба шўҳрати «Реал» дар Аврупо нуқта гузорад. «Мо пўсти «Реал»-ро канда меорем», — ваъда медиҳад мураббӣ Эррера ба мухлисон. Аммо воқеаи ғайричашмдошт рух медиҳад. Эррера баробари ба Мадрид омадан бо Кубала ва Сибор (бозигарони калидии «Барса») муноқиша мекунад ва онҳоро ба бозӣ намебарорад. «Реал» бо ҳисоби 3:1 ғалаба мекунад.
Вохўрии ҷавобӣ соли 1960 мешавад, ки 130 000 тамошобин ҷамъ омада буд. Эррера боз ҳам Кубала ва Сиборро ба майдон намебарорад. «Реал» боз бо ҳисоби 3:1 ғолиб меояд. Баъди бозӣ ба Эррера либоси коргари майдонро пўшонида, аз чашми мухлисони пинҳонӣ ба хонааш мефиристанд, аммо вай ба он ҷо рафтан наметавонад. Дар кўча ҳазорон мухлис бо сангу чўб ўро интизор буданд.
Баъди як моҳ каталониҳо Ҷоми Ярмака (Ҷоми UEFA)-ро соҳиб мешаванд. Эррера ба ҳама кор тайёр буд, то мухлисон ўро бахшанд. Дар охири мавсим вай боз ғолиби чемпионати Испания шуд, аммо роҳбарияти клуб аз бехатарии ҳаёти вай ҳаросида, шартномаро бо мураббӣ қатъ карданд.
«Реал»-ро мағлуб карда, дар финали Ҷоми қаҳрамонҳо «Барса» бар «Бенфика» мағлуб шуд. Даврони Ладислао Кубала ба охир расид, ситораҳои нав набуданд. Каталониҳо унвони қаҳрамониро фақат баъди 14 сол ба даст оварданд.
Франко ва 11:1 ба фоидаи «Реал»
Вақт бо ҳамин минвол мегузашту клубҳо чун пештара ҳамдигарро чашми дидан надоштанд, мухлисон бо камтарин сабаб байни ҳам хархаша мекарданду президентҳо тариқи матбуот ҳамдигарро неш мезаданд. «Реал» бештар ҷоиза ба даст меовард, аммо каталониҳо барои ифтихор сабаби дигар доштанд. Онҳо даъво мекарданд, ки «Реал» усули бозии худро надорад ва агар бозигаронаш бо пероҳани дигар ба майдон оянд, касе намедонад, ки онҳо мадридиҳоянд. «Барса» бошад, ҳамеша дастаи дорои усули хеш, намоён ва боэффект мемонад.
Саймон Купер дар китоби «Футбол ба муқобили Душман» чунин навиштааст: Боре вай аз каталонидухтаре, ки ба футбол рағбат надошт, пурсидааст, ки чаро барои вай ғалаба кардани «Барса» аз болои «Реал» муҳим аст? Духтар ҷавоб медиҳад: «Франко падарону модарони моро куштааст, вай «Реал»-ро дўст медошт». Ҳар кас сабаби бадбинии худро дорад, аммо муносибати генерал Франко ва Каталония махсус аст. Диктатор барои маҳдуд кардани шўҳрати дастаи каталонӣ «Реал»-ро дастгирӣ мекард. Вай бо баҳонаи мубориза бо сепаратизм клубҳои футболро аз истифодаи номҳои ғайрииспанӣ манъ кард ва аз рамзи дастаҳо симоҳои маҳаллиро дур сохт. Барселона аз парчами каталонӣ дар герби худ маҳрум шуд. Соли 1943 дар вохўрии хонагии нимфинали Ҷоми Генералиссимус (собиқ Ҷоми Испания) «Барселона» бо ҳисоби 3:0 «Реал»-ро мағлуб кард. Дар бозии ҷавобӣ 20 дақиқа пеш аз оғоз сардори хадамоти бехатарии Испания ба хонаи либоспўшӣ даромада, ба бозигарони «Барселона» ҳушдор дод, ки клуб танҳо ба хотири «раҳмдилии режим» ба бозиаш идома медиҳад. Дар натиҷа мадридиҳо дар вохўрии ҷавобӣ бо ҳисоби 11:1 дастболо шуданд.
Каталония Испания нест?
Франко забони каталониро маҳдуду пешсафони ин музофотро мекушт, аммо фақат наметавонист, ки «Барселона»-ро нобуд кунад. Дарвоқеъ, каталониҳо танҳо роҳи муқобилият бо Франко ва баёни мухолифати худро дар пайвастан бо клуби Барселона медонистанд, чун ҳам риски камтар дошт ва ҳам комилан қонунӣ буд. Онҳо дар бозиҳо парчами Каталонияро баланд мебардоштанд, ҳатто байни худ бо забони модариашон гап мезаданд. Дар ҳамин вақт дар Камп Ноу (дарвоқеъ ҳама ин майдонро Ноу Камп меноманд, аммо каталониҳо баракси испаниҳо онро Камп Ноу мегўянд) навиштаҷоти «Каталония Испания нест» пайдо шуд. Каталониҳо «Барселона»-ро «фаротар аз клуб» медонанд, чун танҳо бо ҳамин роҳ сарҷамъ шуда метавонанд. Дар Каталония боз як азимдастаи дигар ҳаст – «Эспанйол» (маънояш Испания аст), аммо каталониҳо онро дастгирӣ намекунанд, зеро он маҳз ба хотири тафриқа андохтан миёни мухлисон таъсис дода шуда буд. Ҳайати онро жандармҳо ва кормандони хизматӣ ташкил мекарданд.
Гирифтори лаънати мухлисон
Шўру шавқи мухлисон доимо муносибати ду дастаро тезутунд мекард. Испания, ки мамлакати католикист, ҳарду даста даъвои онро доранд, ки Папаи Рим тарафдори онҳост. Папаи Рим шояд ягона одаме бошад, ки шаҳодатномаи аъзогии ин ду дастаро дорад, аммо ба ҳар ҳол ба Барселона пештар таваҷҷўҳ кардааст.
Агар аз «Барселона» футболбозе ба «Реал» гузашт, якумр ба лаънати мухлисон гирифтор мешуд. Рикардо Замора яке аз беҳтарин дарвозабонҳои олам ба ҳисоб меравад, ки солҳои 20-ум аз «Барселона» ба «Эспанйол», сипас ба «Реал» гузаштааст. Баъди чандин сол Федератсияи футболи Испания мехоҳад, ки як бозии дўстонаи тими мунтахабро дар Барселона гузаронад. Дар ҳамин вақт аз мухлисони маҳаллӣ номае мегирад. Дар он гуфта мешуд, ки агар дарвозаро Замора муҳофизат кунад, аз омаданаш ба Барселона пушаймон хоҳад шуд. Аз тарси мухлисон бозиро дар ҷойи дигар гузаронданд. Аммо ҳоло ин хел нест, бештари бозигарони тими мунтахаби Испанияро бозигарони ин ду даста ташкил мекунанд ва футболбозон барои кишвар муттаҳид мешаванд. Ин аст, ки дар соли 2010 шогирдони Дел Боске қаҳрамони ҷаҳон шуданд.
Мунофиқ ва калаи хук
Соли 1995 собиқ ниммуҳофизатгари «Барселона» Микаэл Лаудруп ба ҳайси бозигари «Реал» ба Ноу Камп меояд. Дар варзишгоҳ навиштаҷоти «Хоин, мунофиқ» ва «Ба майдони мо қадам намон» афрохта шуд. Лаудруп ба фишори равонии мухлисон тоб оварда натавонист ва хоҳиш кард, ки ўро иваз кунанд.
Аммо Луиш Фигу дар ин қатор махсус номбар мешавад. Вай аввалин хориҷии капитани «Барселона» буд. Каталониҳо ўро на танҳо дўст медоштанд, балки парастиш мекарданд. Вақте соли 2000-ум Перес президенти «Реал» шуд ва ваъда дод, ки Фигуро мехарад, дар Барселона ҳангома шуд. Нишасти махсуси матбуотӣ ташкил карданду аз Фигу пурсиданд: «Наход меравӣ?». Вай дар ҷавоб гуфт: «Чӣ хел ман меравам? Баъди рафтан ман ба чашмони шумо чӣ хел менигарам?». Аммо баъди як рўз вай ба Мадрид меравад ва бо «Реал» шартнома мебандад. Маълум мешавад, ки вай кайҳо бо Перес гуфтушунид карда будааст. Медонистааст, ки меравад, аммо дар назди мухлисони «Барса» қасам хўрдааст. Дар бозиҳо, ки аз тарафи «Реал» ба майдон мебаромад, мухлисон ба сараш танга, гўгирд, шиша, телефонҳои мобилӣ мепартофтанд. Дар як бозӣ ба ҷонибаш сари хукро партофтанд, ин маънои онро дошт, ки рафтори Фигу хукона аст. Ҷимми Ҷампи машҳур дар як бозӣ ба майдон баромада, ба рўи Фигу парчами Каталонияро мепартояд.
Роналду, Мессӣ ва $1млрд.
Баъди чанде вазъ тағйир хўрд. Акнун президентони клубҳо дар як қатор нишаста бозиро тамошо мекунанд, аммо мухлисони дастаҳо ҳеҷ гоҳ дар ягон ҳолат дастаи дигарро пуштибонӣ намекунанд. Агар «Реал» дар Ҷоми қаҳрамонҳо бо дастаи дигаре бозӣ кунад, ягон каталонӣ ин дастаро мухлисӣ намекунад ва ҳамин тавр баракс.
Ҳоло ҳайати ин дастаҳоро ситораҳои олами футбол ташкил мекунанд, ки агар арзиши бозигарони дар майдонбударо ҳисоб кунем, ба 1 миллиард доллар мерасад. Дар «Реал» футболбози машҳур португалӣ Криштиану Роналду ва дар «Барселона» бозигари беҳтарини сайёра аргентинагӣ Лионел Мессӣ, ки ҳарду барандаи «Тўби тиллоӣ» ҳастанд, бозӣ мекунанд. Дар чемпионати имсола Роналду дар 29 бозӣ 29 гол задааст, Мессӣ дар ҳамин қадар вохўрӣ 30 тўб ба ҳадаф расонидааст. Онҳо барои нишонзани беҳтарин будан мубориза мебаранд.
Дар ин мавсим дар вохўрии аввал «Барселона» бо ҳисоби 5:0 «Реал»-ро мағлуб намуд, дар бозии ҷавобӣ «Реал» дар майдони худ бозиро мусовӣ 1:1 кард. Голҳоро аз пеналтӣ маҳз Мессӣ ва Роналду заданд. Дарвоқеъ, ҳисоби 5:0 барои каталониҳо мўд шудааст ва мағлуб намудани «Реал» бо чунин натиҷа маънои шарманда кардани мадридиҳо аст. Дар бисёр ҳолатҳо дар посухи ин натиҷа дар бозии ҷавобӣ клуби шоҳигарӣ ғалаба мекунад, аммо дар ин мавсим ин ба онҳо даст надод.
4 «Еl clasico»
Дар ин чанд рўз мо шоҳиди 4 «Еl clasico» хоҳем шуд, ки аллакай якеаш бо натиҷаи 1:1 анҷом ёфт. Дар ҳамин лаҳзаҳое, ки ман ин сатрҳоро менавиштам «Реал» бо «Барселона» дар финали Ҷоми Испания мубориза мебурданд. Натиҷа ин шуд, ки бо голи Ронулду «Реал» соҳиби ин ҷоиза шуд! 27.04.2011 ҷаҳон шоҳиди муқобилияти навбатии «Реал» ва «Баселона» хоҳад шуд, зеро ин ду даста дар нимфинали Ҷоми қаҳрамонҳои Аврупо бо ҳам мубориза хоҳанд бурд. Аллакай маълум аст, ки яке аз ин дастаҳо дар ин мавсим соҳиби ин мукофот намешавад, аммо шудани дигаре ҳам дар зери суол аст, зеро дар нимфинали дигар «Манчестер Юнайтед» (Англия) ва «Шалке-04» бозӣ хоҳанд карду кӣ медонад, ки финал насиби кадоме мешавад. Ба ҳар ҳол интизори боз ду «EL clasico» хоҳем буд, то аз натиҷаҳояш ба шумо хабар диҳем.
Шўҳрат Давлатшоев,
Бознашр аз «Тоҷикистон»
Чархофалаки Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо
Тоб доданд, чарх заду ҷуфтҳоро маълум кард. Бале, баъди анҷоми вохўриҳои гурўҳии Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо ва маълум шудани иштирокчиёни плей-офф қуръакашии 1\8 финал баргузор шуд. Ҳоло дар зер ба диққати шумо ҷуфти дастаҳоеро, ки барои ба чорякфинал баромадан мубориза мебаранд, пешниҳод менамоям. Дар ин байн вохўриҳои диққатҷалбкунанда зиёданд.
«Рома» (Италия) — «Шахтёр» (Украина)
Ҷуфти якум қариб, ки баробарвазн аст. «Рома» ҳеҷ гоҳ иштирокчии доимии вохўриҳои ҳалкунанда набуд. Баъзан дар плей-офф ба нокомӣ дучор шудааст, ҳарчанд «Шахтёр» маротибаи аввал аст, ки дар чунин сатҳи баланд бозӣ мекунад. Натиҷаи кори Луческу назаррас аст ва «Рома» низ барои шогирдони вай яке аз вариантҳои мувофиқ ба ҳисоб меравад. Чунки Ранери бозии мўътадилро ба роҳ монда натавонист, бахусус баъди захм гирифтани Тотти. Агар вазъи тирамоҳии дастаҳоро ба назар гирем, бешубҳа дастаи украинӣ бартарӣ дорад. Бозии якум дар Рим мешавад, вохўрии ҷавобӣ дар майдони пур аз мухлиси Донетск мегузарад. Шавқовар ин аст, ки ҳарду даста ҳуҷум карда метавонанд. Ва то замоне, ки «Рома» ба мисли Де Росси гладиаторҳо дорад, ҳатто дар бадтарин вазъият аз ин даста сарфи назар кардан нашояд.
«Милан» (Италия) — «Тоттенхэм» (Англия)
Ҷуфти муносиб, зеро дар гумон аст, ки «Милан» то моҳи феврал чунин натиҷаовариро аз даст диҳад, дар серияи А пешсаф аст. «Тоттенхэм» дар як гурўҳ бо «Интер» бозии аъло нишон дода, ҷойи аввалро гирифт. Шогирдони Реднапп дар Premier League низ бо муваффақият баромад карда, ҳатто ба талабгорони унвони қаҳрамонӣ иҷозат намедиҳанд, ки ба онҳо дастболо шаванд. Англисҳо аз ҷиҳати кадр танқисӣ намекашанд, ҳатто Павлюченко барин футболбоз баъзан дар курсии эҳтиётӣ мешинад. Агар ҷиддӣ гўем, ба «Милан»-и дар плей-офф бозимекарда диққат додан шавқовар аст. Клуби маъруфи итолёвӣ ин дафъа бо яке аз ҳарифони мураккаб рў ба рў хоҳад шуд. Даста ба қуллаҳои баланде, ки пештар ҷо дошт, расидан мехоҳад, англисҳо дар ин маврид шояд дар қуллаи баландтарини инкишофи худ қарор гиранд. Чунин имкон ба онҳо шояд ба ин наздикӣ даст надиҳад. Рў ба рў омадани Ибрагимович ва Гарет Бэйл бояд ба 1\8 финал шукўҳи махсусе диҳад.
«Валенсия» (Испания) — «Шалке» (Германия)
Чун ҷуфти якум дастаҳои баровазнанд. Ҳарду даста ба ғалабаи минбаъда ва расидан ба марҳилаи дигар омодаанд. Унаи Эмери дар пеши худ вазифаҳои аз ҳама баландтаринро гузоштааст. Вай дар болои усулҳои ҳарҳела кор мекунад ва кўшиши ҳуҷуми барқосоро дорад. Хати ҳимояи «Валенсия» он қадар пурқувват нест, аммо чун гурўҳ пурзўр набуд, ба Салдадо ва Мате боварӣ кардан мумкин буд. «Шалке» дар муқоиса ба мавсими гузашта, ки хати ҳимояи хуб надошту бо як форвад баромад мекард, акнун, нисбати ҳимоя, хати ҳуҷуми зўртар дорад. Раул бо Хунтелаар ситораҳоянд, аммо дар нақши пешбаранда бештар Хурадо ва Фарфан баромад мекунанд. Бисёр чиз аз бозии Мануэл Нойер вобаста аст. Дарвозабон ҳоло дар ҳолати хуби варзишӣ қарор дорад. Ин ҳамаро ба назар гирифта, дар бозии якум имкони «Валенсия» бештар асту дар дуюм «Шалке». Ба ҳар ҳол ин пешбинии мост, дар ҳақиқат бошад, шояд аз ин ҳам шавқовартар шавад, зеро дастаҳои муносиб ва ояндадоранд.
«Интер» (Италия) — «Бавария» (Германия)
Такрори финали охирин! Аммо фарқ аз он «Интер»-и Моурино то «Интер»-и аз Бенитес меросмонда назаррас аст. То ҳол «Интер» зери роҳбарии Бенитес гўё даста набуд, зеро миланиҳо ба футболи қаҳрамонӣ бозӣ намекарданд. Акнун шояд Леонардо, ки мураббии нав таъин шуд, шуҳрати «Интер»-ро афзун мекунад. Дар даврони Моурино низ даста аз гурўҳи худ бо мушкилиҳо баромад, аммо баъд бозии футболро ба чашми ҳама нишон дод. Ба ҳар сурат, даста, ки дар мусобиқоти ҷомҳо таҷриба дорад, онро аз ҳисоб баровардан лозим нест. «Бавария»-и соли гузашта бадтар аз Роббени ин мавсим аст. Голландӣ ба машқ сар карда бошад ҳам, дар моҳи феврал дар кадом вазъ қарор мегирад, муаммост. Номаълумӣ дар ин ҷуфт аз вазъи дастаҳо вобаста аст. Аммо як чиз аниқ маълум аст – немисҳо интиқом гирифтан мехоҳанд. Акнун «Интер» он дастаи зўри баҳори гузашта нест.
«Лион» (Фаронса) — «Реал» (Испания)
Ба мо Моурино занг зада хоҳиш накардааст, ки дар бораи ҳарифи ноқулай будани «Лион» нанависем, мо худамон ба чунин хулоса омадем. Чӣ лозим чунин маълумоти «пеш аз пода чанг мебардошта»-ро паҳн кардан? Жозе агар рақами телефони моро медонист, ҳатман занг зада хоҳиш мекард, ки нанависем. Аммо ҳама аз гузаштаи ин дастаҳо бохабаранд. Ола ба мо нагуфта бошад ҳам, табассуми айёронаш саҳифаҳои Интернетро зеб дода, дарак аз он медиҳад, ки ба ҳар ҳол «Реал» барояш ҳарифи нобоб аст. «Реал» дар навбати гузашта барои он аз «Лион» шикаст хўрд, ки ба худ хиёнат карда буд, аз ин рў боварӣ дорем, ки «як бор асояшро гум мекунад». Агар боз ба ҳамон чоҳ афтад, масхарабозӣ аз ин зиёд намешавад. Акнун Жозе омадааст, ки ба Мадрид ҷоизаро биёрад. Мардак нияти нек кардааст, нияти нек бошад нисфи давлат аст. Фаронсавиҳо сол аз сол зўр не, кушанда мешаванд. Ана, «кушокушӣ» мешавад!
«Арсенал» (Англия) — «Барселона» (Испания)
Чанд шаб аст, ки бе шубҳа хоб аз дидагони Арсен Венгер паридааст. Боз дастааш бо ҳарифи нобоб рў ба рў бояд шавад. Ба «Барселона» тақлид карда, «Барселона»-ро шикаст додан кори бисёр мушкил аст. Ба ҳама маълум аст, ки Арсенал» бо дастаҳои фаворит чӣ хел бозӣ мекунад. Мо, албатта, лондониҳоро эҳтиром мекунем, ҳатто мухлисашон ҳастем, аммо бояд иқрор шавем, ки дар ин ҷуфт ба фаворитӣ наздикӣ надоранд. Аммо метавон гуфт, ки ин вохўрӣ қурби финали Лигаи қаҳрамонҳоро дорад, ҳарчанд хоҳиши зўр баромадан «Арсенал»-ро афтода кардааст. Дар чанд соли охир англисҳо маротибаи аввал аст, ки дар гурўҳ ҷойи дуюмро гирифтанд, аз ин рў ҳарифашон «Барселона» шуд. Шогирдони Гвардиола аллакай ҳамин рўз омодаанд, ки бо дилхоҳ дастаи иштирокчӣ қувва санҷанд, зеро аз онҳо зўртар нест, алҳол. Ба онҳо лозим нест, ки зўр буданашонро нишон диҳанд, онҳо маҳораташонро ба намоиш мегузоранд, ғалаба худаш меояд. Вазъият дар ин ҷуфт ба ҳама маълум аст, аммо фақат қаҳрамонии «Арсенал» ва Арсен метавонад, ки ҳолатро тағйир диҳад. Масалан, Сеск дар танҳоӣ метавонад, ки дўстонашро аз «Барселона» ноумед кунад.
«Марсел» (Фаронса) — «Манчестер Юнайтед» (Англия)
Ҷуфти хуб ва шавқовар. Сэр Алекс Фергюсон дар Лигаи қаҳрамонҳо ҳама чизро дидааст, ҳама чизро аз сар гузаронидааст, Дидйе Дишам бошад дар финал бозӣ кардааст. Гуфтан мумкин аст, ки барои «Манчестер Юнайтед» мушкилиҳои муайяне пайдо мешавад, зеро «Марсел» аз ҳариф ҳарос надорад. Рост, ки агар дар вохўрии якум шикаст хуранд, англисҳо дар муқоиса бо «Спартак», бо асаби ҳариф беҳтар бозӣ кардан метавонанд. Албатта, «Манчестер Юнайтед» фаворит аст, чун бозии якумро дар сафар мегузаронад. Хати ҳимояи манкунианҳо пурқувват аст, Видич аъло бозӣ мекунад. Агар ба ҳамин минвол давом диҳад – даври якуми плей-офф охирин нахоҳад буд. Даста таҷрибаи бой дорад.
«Копенгаген» (Дания) — «Челси» (Англия)
Хайр, шарт нест, бо овози баланд эълон кунем, ки бахти «Челси» омад кард. «Копенгаген»-ро низ эҳтиром кардан зарур аст, зеро ба муқобили «Барселона» бозӣ кардаасту аз қаҳрамони Русия – «Рубин» пеш гузаштааст. «Копенгаген» аз ҷиҳати тайёрии ҷисмонӣ низ ба «Челси» ҳарифи нобоб аст, ба болои ин вақтҳои охир англисҳо умедҳоро барбод медиҳанд. Даста бо усули пештара наметавонад, ки ҳарифро «буғӣ» кунад. Кори ғайриқаноатбахши Анчелотти вақтҳои охир бисёриҳоро нигарон кардааст. Албатта, алҳол вазъият хуб нест, аммо барои беҳ кардани он Анчелоттиро даъват кардаанд. Карло чӣ тавр дар плей-оффи Лигаи қаҳрамонҳо бозӣ карданро медонад ва агар хоҳиши дар финал бозӣ кардан дорад, пас, «Копенгаген» ҳарифи наонқадар пурқувват ба ҳисоб меравад.
_______________________________
Сеюм ҷо нест
Ин навбат дар бораи дастаҳои иштирокчии Мусобиқоти ҷаҳонии футбол, ки дар гурўҳҳои худ ҷойи сеюмро ишғол намудаанд, сухан хоҳем кард.
Юнон
Ҷой дар гурўҳ: 3
Вохўрӣ: +1 =0 -2, таносуби тўбҳо 2:5
Бозигари беҳтарин: Василис Торосидис
Бозёфти мусобиқа: набуд
Нокомӣ: бозие, ки тими мунтахаби Юнон нишон дод
Лаҳзаи асосӣ: найранги Торосидис ва карахтӣ дар хатти ҳуҷум
Оғози мусобиқа барояшон аз ҳама бадтарин лаҳза буд. Ба муқобили тими мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ чунон бад бозӣ карданд, ки ҶХД Корея дар бозӣ бо Португалия чунин бозии нозебо нишон надодааст. Алакай дар бозии якум маълум буд, ки собиқ қаҳрамонҳои Аврупо ба мурдан наздик шудаанд. Онҳо то ҳол аз рўи фалсафаи қадимаи худ «даҳ нафар дар ҳимоя, Самарас дар пеш ягон бало мекунад» амал карданд. Дар натиҷа дар мусобиқоти ҷаҳон як қисм бозии наонқадар бад нишон дода, дар таърихи худ аввалин ғалабаро дар МҶ ба даст оварданд. Дар мусобиқаи гузашта тамоман ноком буданд, дар ҶАҶ гол заданд. Аммо боз ҳам аз таҳрикангезии Торосида ва беақлии Кейта гуфтан бамаврид аст. Бе ҳамин аз майдон ронда шудан ва хатогии Эняма ҳатто метавонистанд, ки бе задани гол монанд. Намунаи аз ҳама беҳтарини исботи он, ки юнониҳо дар ин мусобиқа тасодуфӣ буданд, бозӣ бо ҳайати эҳтиётии Аргентина буд. Ин бозиро бе эҳсоси ҳамдардӣ тамошо кардан намешуд. Мураббӣ Отто Рехагел ҳар коре, ки аз дасташ меомад кард, аммо ҳамаи он зиракии худододӣ дар гузаштаи дури соли 2004 монда буд. Ба ҶАҶ дастаи камҷоне омада буд, ки аз гурўҳ набаромаданаш аз рўи инсоф аст. Чунки дар хатти ҳимоя ҳам тартибот дида намешуду дар хатти ҳуҷум низ одами голзан набуд.
Дания
Ҷой дар гурўҳ: 3
Вохўрӣ: +1 =0 -2, таносуби тўбҳо 3:6
Бозигари беҳтарин: Бендтнер, Ромедал
Бозёфти мусобиқа: набуд
Нокомӣ: Йон Дал Томассон
Лаҳзаи асосӣ: бисёр буд (аз ҷумла автоголи Поулсен –Аггер, бозии Соренс дар лаҳзаи зарбаҳои ҷаримавии ҷопониҳо, партофти Поулсени дигарӣ ба бозигари камерунӣ).
Дания низ ба монанди Юнон ғайричашмдошт қаҳрамони Аврупо шуд, аммо ин дар даврае буд, ки баъди он чанд насл омаду рафт. Агар юнониҳо ба МҶ дастаи нисбатан кўҳнаро оварда бошанд, ҳайати асосии даниягиҳоро бозигарони бомаҳорат ва таҷрибадор ташкил мекарданд. Аммо ба таҷрибадороҳо дар ин мусобиқа зўр нарасид, ба ҷавонҳо – хунсардӣ. Дар ин ҷо ҳам метавон аз ҳамон гуфтаҳо нибати юнониҳо ёд кард. Даниягиҳо дар бозиҳои интихобӣ назар ба қисми финалии МҶ нағзтар бозӣ карданд. Дар даста ғояи расидан ба ғалаба ва маҳорати аз лаҳзаҳои мусоид истифода бурдан нест. Аз аввал онҳо ҳайати хуб, мураббии таҷрибадор ва тарҳи нағзи бозиро доштанд, аммо усули нодурустро пеш гирифтанд. Бозии якумро ба муқобили фаворити гурўҳ мулоҳизакорона гузарониданду мусовӣ карданд. Бо камеруниҳо дигар хел бозӣ карданд, аммо ҷопониҳоро ба чашми кам диданд. Ба онҳо қувва нарасид, ки то охир бозӣ кунанд. Фикр карданд, ки мисли голландиҳо метавонанд бозӣ кунанд. Дания дастаест, ки амалан метавонад, ки аз ҳисоби задани ҷаримаҳо ғалаба ба даст орад, аммо ин навбат ба устодон-иҷрокунандагони зарбаҳои ҷаримавӣ бозиро бохт.
Австралия
Ҷой дар гурўҳ: 3
Вохўрӣ: +1 =1 -1, таносуби тўбҳо 3:6
Бозигари беҳтарин: Бретт Холмен (ҷокер), Люк Уилкшир (дар ҳама бозиҳо кўшиш кард)
Бозёфти мусобиқа: шояд Никита Рукавитса бошад
Нокомӣ: бозии ҳамаи даста дар вохўрии якум
Лаҳзаи асосӣ: шикаст дар муқобили Германия ва кўшиши интиқом гирифтан
Дар вохўриҳои интихобии осиёӣ австралиягиҳо мушкилӣ намекашанд, аз ин рў иштирокчии доимии МҶ ҳастанд. Дастаи таҷрибадор ва сайқалёфтаи Австралия, ки дар Германия аз худ дарак дода буд, метавонист барои фаворитҳои асосии ин гурўҳ – сербҳо ва немисҳо дарди сар шавад. Ҳарчанд кадом вақте ба Австралия маҳкумшудагонро мефиристоданд ва дар он ҷо найранбозҳои таҷрибадор ҷамъ шуда буданд, аммо акнун футболбозҳояш дар ҳолате, ки имкони аз гурўҳ баромадан надоранд, аз мубориза даст намекашанд. Дастаи Лёв австралиягиҳоро бо ҳисоби калон мағлуб кард, аммо аз майдон ронда шудани Кэхил ва бозии баҳсноки бо даст кардаи Мертезакер ба ин мусоидат кард. Бо Гана нисбатан беҳтар бозӣ карданд. Дар вохўрии охирин метавон қисми якумии бозии Австралияро мазаммат кард, ҳамон вақте ки сербҳо бояд тақдири бозиро ҳал мекарданд. Сербҳо хотирҷамъ шуданд ва австралиягиҳои аз танаффус давон-давон ба майдон баргашта, ғалабаи аввалин ва охирини худро дар МҶ соҳиб шуданд.
Зеландияи Нав
Ҷой дар гурўҳ: 3
Вохўрӣ: +0 =3 -0, таносуби тўбҳо 2:2
Бозигари беҳтарин: Марк Пэстон, Райан Нелсен (капитани ҳақиқӣ!)
Бозёфти мусобиқа: Уинстон Рид ва Саймон Эллиотт (мардак 36-сола, дар ягон кулб бозӣ намекунад, дар МҶ зўр бозӣ кард)
Нокомӣ: нест. Онҳо ҳама қаҳрамонҳои кишвари худанд!
Лаҳзаи асосӣ: ҳарду гол ба дарвозаи зеландиҳо баҳснок буд, аммо ҳодисаи муҳим ба касе бой надоданашон аст, ҳатто ба қаҳрамонҳои ҳамонвақтаи ҷаҳон.
То оғози мусобиқот ҳама, аз ҷумла мо ҳам, мегуфтем, ки футболбозони Зеландияи Нав дар Африқо дастаи зиёдатӣ ҳастанд, зеро агар Австралия ба футболи Осиё ҳамроҳ намешуд, шогирдони Херберт марҳилаи финалиро дар хоби шабашон медиданд. Аммо сафари онҳо ба ин мусобиқа бобарор шуд, зеро дар ҷадвал аз қаҳрамони ҳамонвақтаи ҷаҳон як зина боло меистоданд. Онҳо мусобиқаро бе бой додани бозие тарк карданд. Агар вохўрии охиринро бо Парагвай мусовӣ бар нафъи ҳарду ва бо хоҳиши ҳарду даста гўем, ду вохўрии аввалин барои Зеландияи Нав санҷиши ҷиддие буд. Дар маҷмўъ бозии зеландиҳоро метавон комёбӣ гуфт.
Швейсария
Ҷой дар гурўҳ: 3
Вохўрӣ: +1 =1 -1, таносуби тўбҳо 1:1
Бозигари беҳтарин: Инлер, Бенало
Бозёфти мусобиқа: форвардҳои соҳиби номҳои зебо, наметавонанд, ки гол зананд.
Нокомӣ: бозӣ бо Гондурас
Лаҳзаи асосӣ: ғалаба бар Испания, корти сурхи Берами, мусовӣ бо Гондурас.
Баъди ғалаба бо камтарин ҳисоб бар Испания бисёриҳо шогирдони Хитсфелдро таъриф карданд. Чанд бозигари зўр доранд, ки дар байнашон Инлер дар маркази майдон хушрў бозӣ кард. Муаллифи гол Желсон низ бозигари бад нест. Ғалаба бар испанҳо ба дили футболбозони Швейсария умедит дар плей-офф бозӣ кардан овард, аз ин рў дар вохўрӣ бо Чили ба муборизаи ҳалкунанда омода шуданд, аммо дар ин ҷо қаҳрамонӣ бо Испанияро такрор кардан натавонистанд. Фаҳмо, ки даста бозии бад надошт, аммо фикри довар дигар буд. Аз майдон ронда шудани Валлон Берами баҳснок буд. Ин камбудӣ намебуд, шояд дар ин вохўрӣ мусовӣ мекарданд, аммо чӣ хел ҳиммат карда Гондурасро шикаст надоданд, то ҳол муаммоест. Мўйсафеди Ҳоқон Яқин дар хатти ҳуҷум зўр буд, аммо форвардҳои асосӣ дар се бозӣ як гол ҳам назаданд. Чанд бозигаре, ки зебо бозӣ карданд, акнун дар клубҳои нав баромад мекунанд.
Африқои Ҷанубӣ
Ҷой дар гурўҳ: 3
Вохўрӣ: +1 =1 -1, таносуби тўбҳо 3:5
Бозигари беҳтарин: Тшбалала
Бозёфти мусобиқа: Куне Итумеленг (агар корти сурхашро фаромўш кунем)
Нокомӣ: Пиенаар метавонад, ки аз дигарон беҳтар бозӣ кунад.
Лаҳзаи асосӣ: баргузории мусобиқот дар майдонҳои онҳо ва албатта, ғалаба бар Фаронса.
Маротибаи аввал аст, ки дар таърихи МҶ соҳибони майдон аз гурўҳашон набаромаданд. Шояд ин натиҷаи мувофиқ бошад, зеро агар онҳо ҳамчун мизбон дар мусобиқот бозӣ намекарданд, ба финал баромаданашонро Худо медонист. Дар маҷмўъ африқоиҳо дастгирии мухлисонро бо вувузелҳо ва мураббии таҷрибадорро бо чанд бозигари хуб доштанд. Аз ин рў вазифаи асосӣ баромадан аз гурўҳ буд, ҳарчанд ҳама ҷойи чорумро ба онҳо нисбат медоданд. Бозӣ бо Фаронса барои касоне, ки фарҳанги ирландиро (Ҷеймсон, Гиннес ва Канемар) дўст медоранд, иди ҳақиқӣ шуд. Дастаи мурдаи Доменекро гўр карданд гўем ҳам хато намекунем. Ба муқобили Мексика ҳам хуб бозӣ карданд, фақат Стивен Пиенаар ҳамон бозиеро, ки дар «Эвертон» нишон медиҳад ба роҳ мондан натавонист. Агар гўем, ки дар ин мусобиқа Африқои Ҷанубӣ ба шикаст рў ба рў шуд, аз рўи инсоф нахоҳад буд, зеро даста бе дастгирии доварон бозӣ кард. Намунаи мизбонӣ ва аз гўш кашида баровардани даста мисоли Кореяи Ҷанубӣ буда метавонад, ки дар мусобиқаҳои гузашта ба чашм расид. Дастаи Африқои Ҷанубӣ бо қуваи худ бозӣ кард ва тавонист, ки Фаронсаро дар ҷойи чорум гузорад. Ин натиҷаи мувофиқ аст.
Кот-д’Ивуар
Ҷой дар гурўҳ: 3
Вохўрӣ: +1 =1 -1, таносуби тўбҳо 4:3
Бозигари беҳтарин: Тиоте, Дрогба (бо захм бозӣ кард)
Бозёфти мусобиқа: ўро Шайх меноманд, Шайх Тиоте.
Нокомӣ: Свен-Ёран Эрикссон
Лаҳзаи асосӣ: ғалабаи калони Португалия бар Кореяи Шимолӣ ба Кот-д’Ивуар лаҳзаи ҳалкунанда гардид.
Пеши роҳи яке аз дастаҳои серситораи африқоиро қуръакашӣ гирифт. Даста дар гурўҳи «марг» баромад мекард. Ин маротибаи дуюм аст, ки даста дар вохўриҳои гурўҳӣ бо ҳамин хел сабабҳо шикаст мехурад. Шубҳаовар аст, ки чӣ тавр мураббӣ Эрикссон дар ватанаш Шведсия даҳ соли охир дастоварде надошт, аммо ивуариҳоро роҳбарӣ кард. Ҳоло мураббӣ ояндаи худро бояд муайян кунад. Вай пай бурдааст, ки кораш ба Федератсия писанд аст. Аз ҳисоби бозӣ онҳо сатҳи хуб доштанд, махсусан ҷисман омода буданд, аммо натиҷа хуб набуд, зеро бо чунин ситораҳо аз гурўҳ набаромадан айб аст. Онҳо метавонистанд, ки Португалияро мағлуб кунанд, аммо дар муқобили Бразилия ягон имкон надоштанд. Рост, ки гол сар надоданд, аммо барои шогирдони Дунга натиҷаи бозии охирин аҳамият надошт. Ивуариҳо боз ҳам дар минтақаи худ фавроит хоҳанд буд.
Словения
Вохўрӣ: +1 =1 -1, таносуби тўбҳо 3:3
Бозигари беҳтарин: Ханданович, Корен, Бирса
Бозёфти мусобиқа: Валтер Бирса
Нокомӣ: Новакович гол задан натавонист, аммо Донован зад.
Лаҳзаи асосӣ: ғалабаро бар ИМА аз даст доданд.
Даста қариб буд, аз гурўҳ барояд, аммо голи Донован Словенияро аз идомаи муборизаҳо маҳрум кард. Ин натиҷа мувофиқ ба ҳоли словенҳо аст, чунки онҳо ҳамон гарданшахиеро, ки дар вохўриҳои интихобӣ доштанд, аз даст дода буданд. Дар вохўрии аввал ба муқобили Алҷазоир словенҳо бо эҳтиёт, дилгиркунанда бозӣ карданд. Агар хатои дарвозабон намебуд, аз ягон хел ғалаба ҳоло гап задан имкон надошт. Бисёр лаҳзаҳо дар ин даста аз маркази майдон, дар он ҷое, ки Корен буд, шурўъ мешуд, дар ҳимоя бошад Хандановичи дарвозабон дилпурона бозӣ мекард. Самир, мутаассифона, ду хатои монанд кард, голҳоро аз байни гўшҳояш сар дод. Дефо ва Донован ўро сахт азоб доданд, аммо хубтар бозӣ кардан мешуд, зеро дар лаҳзаҳои дигар дастаро наҷот дод. Новакович хуб бозӣ кард, аммо вазифаи асосиро иҷро кардан натавонист. Аз гурўҳ набаромадан барои Словения натичаи ҳаққонӣ ва мувофиқ аст. Агар ба ҳисоб гирем, ки Словения аз ҳама давлати хурдтарини иштирокчии бозиҳо аст (2 миллион аҳолӣ), ҷойи сеюм дар гурўҳ натиҷаи беҳтарин бояд бошад. Мураббӣ Кек дуруст қайд кард, ки аз ин вохўрӣ даста таҷриба гирифт.
_______________________________________________
Муборизаҳо шиддат мегиранд
Даври 2
Гурўҳи A
Африқои Ҷанубӣ – Уругвай 0 – 3
Голҳо: 24′ Форлан, 80′ Форлан, 90+5′ Перейра
Уругвай дар ин вохўрӣ соҳибони майдонро ноумед кард. Баъди ин бохт имкони футболбозони Африқо барои ба плей-офф баромадан хеле кам шуд. Чун ғалаба барои ҳарду даста зарур буд, бозӣ ҳам шавқовар ва диданӣ гузашт. Голи аввалини Форленро дарвозабони африқоиҳо ҳатто надид, чунки аз масофаи дур зада шуду баъди ба ҳимоятгар бархўрдан ба дарвоза даромад. Дар қисми дуюм довар Бузакки бераҳм буд, чунки ба дарвозабони ҶАҶ корти сурх нишон дод. Дарвозабони нав самти ҳаракати пеналтии Форланро пай бурда бошад ҳам, натавонист, ки онро баргардонад. Дар дақиқаҳои иловагӣ Перейра ҳисобро то ба 3:0 расонд ва ба дастааш имкон дод, ки умедашро барои дари дигар зиёдтар кунад.
Фаронса — Мексика 0 – 2
Голҳо: 64′ Эрнандес, 79′ Бланко
Дар ин вохўрӣ ҳарду дастаҳо, ки бозии якумашонро мусовӣ карда буданд, хоҳиши ғалаба ба даст овардан доштанд, чунки маҳз ғалаба имкони давом додани муборизаро дар даврҳои оянда тахмин мекард. Дар қисми якум бозӣ баробар давом мекард, ки ҳисоби 0:0 далел аст. Дар қисми дуюм ҳам бозӣ ба ҳамин минвол давом мекард, аммо дар дақиқаи 64-ум баъди хатои муҳофизатгарони фаронсавӣ Эрнандес бо дарвозабон як ба як баромад ва ўро фиреб карда, гол зад. Кўшишҳои фаронсавиҳо барои баробар кардани ҳисоб кор намедод, баракс дар дақиқаи 79-ум Абидал ба муқобили Барреро дурушт бозӣ кард ва мексикоиҳо пеналтӣ зада, ҳисобро 2:0 карданд. Баъди ин шикаст дар ҳайати Фаронса тағйироти ҷиддӣ шуд. Анелка барои бо мураббӣ ҷанҷол карданаш аз тим ронда шуд. Капитани даста Эвра низ бо ёвари сармураббӣ харахаша карда, аз вазифааш барканор шуд. Даста баъди ин ҳодисаҳо аз машқ карда саркашӣ кард, аммо бо дахолати президент Саркози дубора ба машқгоҳ баргаштанд.
Гурўҳи В
Аргентина — Кореяи Ҷанубӣ 4 — 1
Голҳо: Пак Чу Юн 17′. Игуаин 33′, Игуаин 77′, Игуаин 80′, 45+1′
Аргентинагиҳо баъди ғалаба бар Нигерия бо ҳисоби камтарин дар даври якум, ташнаи голзанӣ ба майдон баромаданд. Кореягиҳо бошанд, аз ғалабаи аввалинашон дар бозӣ бо юнониҳо, илҳом гирифта, бо ғайрат менамуданд. Аммо аллакай дар дақиқаи 17-ум баъди зарбаи ҷаримавии аргентинагиҳо бо гуноҳи муҳофизатагарони кореягӣ ҳисоб 1:0 ба фоидаи шогирдони Марадона буд. Баъд Игуаин то охири қисми якум ҳисобро ба 2:0 расонд, аммо кореягиҳо умедашонро аз даст намедоданд. Ин буд, ки дар вақти иловагӣ як гол зада ба танаффус баромаданд. Дар қисми дуюм Игуаин боз ду голи дигар зада, хетт-трик кард, аммо баъди бозӣ коршиносон гуфтанд, ки ду голи вай аз ҳолати нобозӣ буд. Ба ҳар ҳол Аргентина 4:1 ғалаба кард ва ҳеч кас ин ҳисобро тағйир додан наметавонад. 6 хол ва Марадона амалан дар плей-офф, танҳо мўъҷиза метавонад, ки ин имконро аз вай гирад. Кореягиҳо бошанд, бояд дар вохўрии оянда Нигерияро шикаст диҳанд.
Юнон — Нигерия 2 — 1
Голҳо: Салпингидис 44′, Торосидис 71′. 16′ Уче
Ин даста аз вохўрии якум ноком шуда буданд, аз ин рў талош доштанд, ки ғалаба ба даст оварда, вазъияташонро дар гурўҳ беҳ кунанд. Дастаи мағлуб қисман имкони идомаи бозиро дар ҳаштякфинал аз даст медод. Дар дақиқаи 16-ум Уче аз зарбаи ҷаримавӣ партофт кард, ки тўб ба касе барнахўрда ба дарвоза рафт. Дар дақиқаи 33-юм ғайричашмдошт нигерӣ Сани Кейта аз майдон ронда шуд. Юнониҳо аз ин фурсат истифода бурда, қисми якумро мусовӣ анҷом доданд. Дар миёнаҳои қисми дуюм дарвозабони Нигерия зарбаи Ҷиолисро аз масофаи дур гардонд, аммо ба тўб аввалин шуда Тирасидис расид ва осонакак онро ба дарвоза фиристод. Юнониҳо имкон ёфтанд, ки барои муборизаи минбаъда умед банданд. Нигерия дар ҳолати бад қарор гирифт.
Гурўҳи С
Словения – ИМА 2 — 2
Голҳо: Бирса 13′, Любиянкич 42′. 48′ Донован, 82′ Брэдли
Словенҳо бо як ғалаба аз даври аввал ба майдон омаданд ва аллакай дар дақиқаи 13-ум Бирса аз масофаи дур зарба зада, дарвозабони амрикоӣ Ховардро ноумед кард. Ҳарчанд дар дақиқаҳои баъдӣ ИМА бартариро ба даст гирифт, аммо Словения бо ҳуҷуми
ҷавобӣ гузашта ҳисобро афзун кард. Бо оғози қисми дуюм амрикоӣ Донован яке аз гоҳои зебои ин муобиқаро зад. То охирҳои бозӣ словенҳо имкон ёфтанд, ки ҳисобро нигоҳ доранд, аммо баъди ин Алтидор аъло бозӣ карда, ба Бредли имкон дод, ки ҳисобро баробар кунад. Дар дақиқаи 85-ум америкоиҳо голи сеюмро заданд, аммо довар онро бо сабабҳои номаълум ҳисоб накард. Словения 4 хол ва ИМА 2 хол доранд.
Англия – Алҷазоир 0 – 0
Англисҳо, ки форварди ин мусобиқа дониста мешуданд, дар вохўрии якум бо ИМА мусовӣ карданд, аз ин рў бояд бо дастаи камзўри африқоӣ ғалаба мекарданд. Ин вохўриро довари ўзбек Равшан Ирматов ҳакамӣ кард. Дар қисми якум англисҳо бартарӣ доштанд, аммо алҷазоириҳо дар хати ҳимоя эҳтиёткор буданд. Ин қисмро бо умеди он, ки дар 45 дақиқаи оянда ба ҳадаф мерасанд, дастаҳо бе задани гол ба танаффус баромаданд. Аммо дар қисми дуюм ҳам аз дасти Руни ҳеч чиз наомад, Лемпард бозӣ нишон надод, Терри хато мекард. Ба майдон баромадани Питер Карауч ҳам ба Англия комёбӣ наовард. Баъди ду бозӣ Англия ҳамагӣ ду хол гирифта, дар ҳолати ногувор қарор гирифт.
Гурўҳи D
Германия — Сербия 0 – 1
Гол: 38′ Йованович
Олмониҳо ягона дастае буданд, ки дар даври якум ба дарвозаи ҳарифон 4 гол заданд. Сербҳо бошанд дар даври якум бозии диданӣ нишон надоданд ва бо ҳисоби камтарин шикаст хўрданд. Дар ин вохўрӣ немисҳо ҳуҷум мекарданду сербҳо ҳимоя карда, ҳуҷуми ҷавобӣ доштанд. Дар дақиқаи 37-ум Клозе барои ҳарифро аз пушти по задан корти сурх гирифта, майдонро тарк гуфт. Дар дақиқаи дигар Красич аз канори майдон тўбро ба тарафи дарвоза партофт. Жигич бо сараш онро рост ба пеши пойи Йованович фиристод. Серб ба дарвозаи Германия гол зад. Хатои Клозе барои немисҳо гарон афтод. Дар дақиқаи 60-ум Видич дар майдончаи ҷаримавӣ бо даст бозӣ кард ва баъди задани пеналти аз тарафи Подолски дарвозабони сербҳо онро баргардонд. Сербҳо то охир ҳисобро нигоҳ доштанд, немисҳо коре кардан натавонистанд.
«Гана» — «Австралия» 1 — 1
Голҳо: Асамоа 21′. 12′ Холмен
Гана, ки дар вохўрии якум Сербияро шикаст дода буд, дар ин вохўрӣ бо Австралияи аз немисҳо шикастдида, фаворит ҳисоб мешуд. Аммо австаралиягиҳо бозиро бо ҳуҷуми ногаҳонӣ сар карданд. Ганагиҳо саруклобаашонро гум карданд. Брешиано зарбаи ҷаримавиро хуб иҷро кард. Дарвозабони Гана онро гардонд, аммо Холман ба он расида, ба дарвоза фиристод. Ба назар мерасид, ки австралиягиҳо аз гол илҳом гирифтаанд, аммо ганагиҳо ба гол ҷавоб доданд. Куюэл дар як ҳуҷуми Гана бо даст бозӣ кард ва аз майдон ронад шуд. Гян зарбаи ёздаҳметра зада, ҳисобро 1:1 кард. То охири бозӣ ҳисоб тағйир наёфт ва ин барои Австралия муваффақият ҳисоб меёбад.
Гурўҳи Е
Нидерландия – Ҷопон 1 – 0
Гол: Снейдер 53′
Дар даври аввал ҳарду даста ҳарифони худро мағлуб карданд ва холҳои якхела доштанд. Ҳарчанд голландиҳо ҳуҷум мекарданд, аммо ҷопониҳо тартиботро риоя намуда, намегузоштанд, ки ҳуҷуми ҳариф то майдончаи ҷаримавӣ тўл кашад. Қисми якум бе гол поён ёфт. Вақте қисми дуюм оғоз шуд, нидерландиҳо фаъол шуданд. Дар дақиқаи 53-юм баъди зарбаи сахти Снайдер тўб ба дарвоза даромад. Баъд ду маротиба Афилай бо дарвозабони ҷопонӣ як ба як баромад, аммо имконро истифода кардан натавонист. Голландия амалан барои дар плей-офф бозӣ кардан имкон ба даст овард.
Камерун – Дания 1 — 2
Голҳо: Это’О 10′. 33′ Бендтнер, 61′ Роммедал
Ҳаду даста дар даври якум аз ҳарифон мағлуб шуданд ва акнун барои ғалаба бояд кўшиш мекарданд. Камерун бисёр бозии пуршиддат мекард. Дар дақиқаи 10-ум баъди хатои хати ҳимоя Это’о тахминан аз нуқтаи ёздаҳметра ҳисобро боз кард. Баъди ин гол шиддати бозӣ сусттар шуд. Бентнер дар дақиқаи 33-юм ба дарвозаи холӣ гол зада, ҳисобро баробар кард. Бозӣ баробар идома меёфт, аммо дар қисми дуюм Роммедал ҳисоби Данияро афзун кард ва дастааш 3 холи аввалинро соҳиб шуд. Камерун бозии хуб дошта бошад ҳам, амалан аз идомаи муборизаҳо маҳрум шуд.
Гурўҳи F
Словакия – Парагвай 0 – 2
Голҳо: 27′ Вера, 86′ Риверос
Ин дастаҳо вохўрии якумашонро бо ҳарифон мусовӣ карда буданд. Дар аввали вохўрӣ парагвайиҳо дарҳол ба ҳуҷум гузаштанд. Вера дар дақиқаи 27-ум ҳисоби дастаашро кушод. Дар охири қисми якум словакҳо фаъол шуданд, аммо бо ҳамин ҳисоб дастаҳо ба танаффус баромаданд. Суръати бозӣ дар қисми дуюс суст шуд, аммо бартарӣ ба ҷониби Парагвай буд. Дар охири бозӣ Риверос голи ҳалкунанда зад ва дастааш баъди ин бозӣ соҳиби 4 хол шуд.
Италия – Зеландияи Нав 1 — 1
Яквинта 30′. 7′ Смелс
Ин дастаҳо ҳам дар даври якум бо ҳарифон мусовӣ карда буданд, аммо фарқи байни Италия аз Зеландияи Нав як уқёнус аст. Чуноне интизор мерафт, итолёвиҳо чун фаворит бозиро сар карданд, аммо голро зеландиҳо заданд. Ин ҳангома буд, ки дастаи ношиносе қаҳрамонҳои ҷаҳонро мағлуб мекард. Агар ёздаҳметраи баҳсноки дақиқаи 29-ум намебуд, кӣ медонист, ки бозӣ чӣ хел анҷом меёфт. Ба ҳар сурат итолёвиҳо баъди пеналти ҳисобро баробар карданд. Ин шармандагист, ки Италия натавонист ба ин дастаи аутсайдер ғалаба кунад. Дар сурати боз як нобарории итолёвиҳо ва ғалабаи зеландиҳо бар Парагвай, ки да дастаи охирӣ ба ҳаштякфинал мебароянд. Дар он сурат ҳангомаи ҳақиқӣ мешавад.
Гурўҳи G
Бразилия — Кот-дИвуар 3 – 1
Голҳо: Луис Фабиано 25′, Луис Фабиано 51′, Элано 62′. 79′ Дрогба
Дастаҳои гурўҳи марг — гурўҳи G Бразилия ва Кот-Д’Ивуар бо ҳам қувва озмуданд. Ду голи Бразилияро Л. Фабиану (дақиқаҳои 25-ум ва 50-ум) зад, ки як голаш баъди қоидавайронкунии дағал ба иҷро расид, аммо довар онро ҳисоб кард. Фабиану дар як маврид ду маротиба бо дасташ бозӣ кард ва баъд тўбро ба дарвоза фиристод. Як голи дигарро Элано (дақиқаи 62-юм) зад. Голи Кот-Д’Ивуарро Дидйе Дрогба дар дақиқаи 79-ум ба ҳадаф расонд. Кот-д’Ивуар баъди ду шикаст аз плей-офф маҳрум шуд.
Португалия – ҶХД Корея 7 — 0
Мейрелеш 29′, Симау 54′, Алмейда 56′, Тиагу 60′, Лиедсон 82′, Роналду 88′, Тиагу 89′
Ба андешаи бисёриҳо Кореяи Шимолӣ, ки дар вохўрӣ бо Бразилия маҳорати хуб нишон дод, ба Португалия шояд дарди сар мешуд, аммо ин тавр нашуд. Дар Мусобиқоти ҷаҳон-2010 аввалин бозӣ бо ҳисоби ҳангомавӣ ба расид. Роналду, ки бисёриҳо задани голашро интизор буданд, дар як ҳолати хеле аҷиб дарвозаи кореягиҳоро сўрох кард. Ҳарифи имрўзаи Португалия амалан имконро аз даст дод ва Худо медонад, ки онҳоро дар ватан чӣ интизор аст, зеро замоне бозигарони ин кишвар баъди мағлубият аз тарафи ҳукумат ҷазо гирифта буданд.
Гурўҳи H
Испания – Гондурас 2 — 0
Голҳо: Давид Виля 17’, Давид Виля 51’
Испаниҳо дар даври якум аз дастаи наоқадар зўри Аврупо Швейсария шикаст хўрданд ва ин боиси шармандагии қаҳрамонҳои Аврупо гардид. Дар ин бозӣ бояд шогирдони Дел Боска бо ҳар қиммате наюбошад ғалаба мекарданд. Аллакай дар дақиқаи 17-ум Виля ду нафар аз ҳимоятгарони гондурасиро гузашта, ба ҷаримагоҳ даромада ва дар ҳолати аз пой афтодан ба дарвоза зарба зад. Голи якум яке аз голҳои зебои МҶ буд. Қисми дуюм ҳам бо бартарии аврупоиҳо гузашт ва дастаи америкоӣ натавонист, ки садди роҳи Аиля шавад. Дубли Виля умеди исапаниҳоро қавитар кард. Фабрегас метавонист ҳисобро афзун кунад, аммо дар лаҳзаи охир ҳимоятгар тўбро аз дарвоза берун кашид. 2:0 ва Испания бояд дар даври дигар Чилиро мағлуб кунад.
Швейсария – Чили 0 – 1
Гол: Марк Гонсалес 75’
Ҳарду даста дар ҳисоби худ аллакай се холӣ доштанд. Қисми якуми бозӣ барои ҳарду даста вазнин гузашт, зеро муҳорибаи сахт ва қоидавайронкунии зиёд ба чашм мерасид. Ин буд, ки дар дақиқаи 31-ум бозигари швейсарӣ Баҳромӣ барои вайрон кардани қоида бозӣ аз майдон ронда шуд. Ҳисоб дар ин қисми кушода нашуд. Дар қисми дуюм чилигиҳо аз шумораи зиёдашон истифода бурда бояд аврупоиҳоро танг мекарданд. Аммо фақат дар нимаи дуюми ин қисм легионери дастаи Прмейер Лигаи Россия Марк Гонсалес бо сараш голи зебо зад. Швейсариҳо бо як ҳуҷуми бошиддат ҷавоб доданд, аммо гол задан натавонистанд. Чили бо гирифтани 6 хол ба зинаи якум баромад.
_________________________________________________
Беҳтаринҳои МҶ-2010
Дар Мусобиқоти ҷаҳон-2010 32 дастаи беҳтарини сайёра иштирок мекунанд, ки ҳоло аз ҳар даста бозигарони маъруфро бо ҳайати эҳтимолии тимҳои мунтахаб, ки тобистони соли 2010 дар Африқоӣ Ҷанубӣ ба майдон хоҳанд баромад, муаррифӣ мекунам.
ҶАҶ
Бенни Маккарти (12.11.77). Форварди марказӣ, ки тўли 10 соли бозиаш дар чемпионати Голландия, Испания, Португалия ва Англия беш аз 100 гол задааст. Қаҳрамони Голландия ва Португалия шудааст, бо «Порту» дар Лигаи қаҳрамонҳо (2004) ғолиб омадааст. Ҳоло дар ҳайати «Блэкберн Роверс» бозӣ мекунад. Дар ҳайати тими мунтахаби Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ беш аз 30 гол задааст.
Ҳайати эҳтимолии ҶАҶ: Фернандес, Мокоена, Гекса, Масилела, Твала, Сибайя, Чабалала, Пиенаар, Модисе, Паркер, Маккарти.
Уругвай
Диего Форлан (19.05.79). Дар ҷавониаш аз футбол ва теннис аввалиро интихоб кардааст. Форварди чаққон ва ҳарҷогард аст, ки метавонад дар ҳама нуқтаҳои хати ҳуҷум зебо бозӣ кунад. Ба болои ин суръати тез ва ва натиҷаи хуб ҳам дорад. Бо «Манчестер Юнайтед» қаҳрамони Англия шудааст. Дар Испания бозӣ карда, ду бор барандаи «Бутсиҳои тиллоӣ» ва нишонзани беҳтарини Аврупо (2005, 2009) гардидааст. Аз соли 2007 дар ҳайати «Атлетико» (Мадрид) бозӣ мекунад.
Ҳайати эҳтимолии Уругвай: Кастилио, Лугано, Годин, Касарес, Фусиле, Родригес, Перейра, Перес, Гаргано, Суарес, Форлан.
Мексика
Рафаэл Маркес (13.02.79). Бозигари универсалии хати ҳимоя аст, ки дар мавқеи муҳофизатгари марказӣ ва ниммуҳофизатгари муттако ҳам зўр бозӣ мекунад. Аз соли 2003 дар ҳайати «Барселона» бозӣ мекунад, ки дар ин клуб се маротиба қаҳрамони Испания, ду маротиба ғолиби Лигаи қаҳрамонҳо ва барандаи Суперҷоми Аврупо шудааст. Ғолиби Ҷоми КОНКАКАФ (2003) ва Чемпионати ҷаҳонии клубҳо (2009) гардидааст.
Ҳайати эҳтимолии Мексика: Очоа, Магаллон, Санчес, Осорио, Маркес, Гуардадо, Торрадо, Дос Сантос, Салсидо, Вела, Бланко.
Фаронса
Терри Анри (17.08.77). Гўё бо тўб гап мезанад ва ҳарду ҳамдигарро хуб мефаҳманд. Бар зами ин суръати баланд дорад, ки ба вай бартарӣ медиҳад, то аз муҳофизатгарон зўр барояд. Бо сараш зарба задан ба вай имконият медиҳад, ки аз дилхоҳ нуқта гол занад. Қаҳрамони ҷаҳон (1998) ва ҷойи дуюм дар МҶ-2006, қаҳрамони Аврупо (2000), ғолиби мусобиқоти Англия ва Испания мебошад. Бо «Барселона» ғолиби Лигаи қаҳрамонҳо (2009) ва Чемпионати ҷаҳонии клубҳо (2009) шудааст.
Ҳайати эҳтимолии Фаронса: Манданда, Саня, Галлас, Эвра, Абидал, К.Диарра, Гуркюфф, Рибери, Тулалан, Анри, Жиняк.
Аргентина
Лионел Месси (24.06.87). Дриблинги аъло, суръати баланд, зарбаи сахт, маҳорати хос ва бо партофти техникӣ бозӣ кардан сифатҳои бозигари беҳтарини Аврупо дар соли 2009 мебошад. Месси аз соли 2004 дар ҳайати «Барселона» бозӣ мекунад, ки тавонистааст се маротиба қаҳрамони Испания, ду бор ғолиби Лигаи қаҳрамонҳо ва барандаи Суперҷоми Аврупо шавад. Чанд рўз пеш голи ҳалкунандаи Чемпионати ҷаҳонии клубҳоро зад ва беҳтарин дониста шуд.
Ҳайати эҳтимолии Аргентина: Аббондансери, Занетти, Хайнсе, Демикелис, Бурдиссо, Маскерано, Гаго, Рикелме, Камбияссо, Месси, Агуэро.
Кореяи Ҷанубӣ
Пак Чжи Сун (25.02.81). Ҳамин ки Гус Хиддинк сармураббии тими мунтахаби Корея шуд, дарҳол маҳорати Пак ба чашми вай расид ва ўро ба даста даъват кард. Бозигар ба ин боварии мураббӣ сазовор ҷавоб гардонд ва дар МҶ-2002 бомуваффақият бозӣ кард. Баъд Хиддинк кореягиро ба дастаи ПСВ бурд, аммо маҳорати Пак ба таври ҳақиқӣ дар «Манчестер Юнайтед» рў зад. Вай дар ин клуб соли панҷум аст, ки бозӣ мекунад. Пак бозигари универсалӣ ва заҳматкаш аст, ки дар ҳама нуқтаи хати нимҳимоя хуб бозӣ мекунад.
Ҳайати эҳтимолии Кореяи Ҷанубӣ: Ли Ун Ҷи, О Бум Сок, Ли Янг Пу, Ча Ду Ри, Кен Мин Су, Пак Чжи Сун, Ким Ду Хон, Хо Вон Хи, Ки Сан Янг, Сеул Ки Хён, Ли Дон Гук.
Нигерия
Оби Микел (24.04.87). Барандаи «Тўби нуқрагӣ»-и Мусобиқоти ҷаҳон-2005 миёни ҷавонон аст, ки аз ҷониби Моуринио ба клуби «Челси» даъват шудааст. Дар ин клуб ду маротиба Ҷоми Англия ва якмаротибагӣ Ҷоми Лига ва Суперҷоми Англияро гирифтааст. Бо вуҷуди ҷавониаш дар сатҳи бозигарони таҷрибадор бозӣ карда метавонад. Баъди шифо ёфтани захмаш мавқеаш дар ҳайати «Челси» мустаҳкамтар шуд ва бозии натиҷадор нишон медиҳад.
Ҳайати эҳтимолии Нигерия: Энеама, Йобо, Нванери, Тайву, Олофинҷана, Айегбене, Одемвингие, Оби Микел, Якубу, Обинна, И.Уче.
Юнон
Теофанис Гекас (23.05.80). Муддати зиёд натавонист, ки аз ду намуди варзиш – футбол ва гўштии юнонӣ-римӣ якеро интихоб кунад. Оқибат соли 2005 дар майдони сабз дар ҳайати «Панатинаикос» дурахшид ва дар ҳамин мавсим нишонзани беҳтарини чемпионат шуд. Баъди ду сол вай боз нишонзани беҳтарин шуд, аммо дар Бундеслига (Германия). Дар ҷаримагоҳи ҳариф худро чун моҳӣ дар об ҳис мекунад, ки бештари голҳояшро аз ҳамин нуқта мезанад. Ҳуҷумкунандаи «Байер» дар вохўриҳои интихобии МҶ-2010 дар Аврупо бо 10 гол нишонзани беҳтарин дониста шудааст.
Ҳайати эҳтимолии Юнон: Халкиас, Кирякос, Папасоғлу, Торосидис, Пападопулос, Сейтарадис, Касуранис, Карагунис, Басинас, Гекас, Харистеас.
____________________________________________________
Кадом даста қаҳрамони соли 2010 мешавад?
Тобистони соли 2010 дар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ Мусобиқоти ҷаҳонии футбол баргузон мешавад, ки дар он 32 дастаи пурқуввати дунё ширкат меварзанд. Дар зер шарҳи шореҳи моро оид ба имкони аз даври аввал баромадани дастаҳо дар гўрўҳҳояшон мутолиа кунед.
Гурўҳи А:
ҶАҶ, Месика, Уругвай, Фаронса
— Ин гурўҳи махсус аст, зеро соҳибони майдон бе бозӣ ба он дохил мешаванд. Онҳоро тамоми мамлакат мухлисӣ мекунад, ки ин нақши калонро мебозад. Ба хотир оред, Мусобиқоти соли 2002-ро, ки Корея дар майдони худ то ба нимфинал расид. Ин дафъа чӣ мешавад, пешгўӣ кардан мушкил аст, аммо соҳибони майдон ба ёрие умед баста метавонанд – ақалан ба кўмаки доварон.
Дар ин гурўҳ фаворит Фаронса аст. Фаронсавиҳо ҳам ҳамон дастае нестанд, ки дар МҶ-2006 то ба финал расида буданд, аммо аз онҳо ҳам ҳамеша дурахшеро интизор шудан мумкин аст. Роҳхати дуюм шояд ба Мексика расад. Ин дастаи пурқуввату мутташаккил аст, ки дар мусобиқаҳои калон ба асаби азимдастаҳо мерасад. Онҳо дар ҶАҶ барои ҷойи дуюм дар гурўҳ мубориза хоҳанд бурд. Ба Уругвай боварӣ камтар аст, аммо дастае, ки дар Америкаи Ҷанубӣ ҷойи панҷумро гирифтааст, камқувват нест. Бисёр гуфтан чӣ лозим, гурўҳи аҷоиб созмон ёфтааст.
Гурўҳи В:
Аргентина, Нигерия, Кореяи Ҷанубӣ, Юнон
— Дар ин гурўҳ фаворити асосӣ маълум аст – аргентинагиҳо. Дигарҳо муаммоянд. Нигерия, Кореяи Ҷанубӣ ва Юнон қариб, ки имкони якхелаи баромадан ба 1/8 финалро доранд. Юнониҳо дар соли 2004 қаҳрамони Аврупо шуданд, аммо бисёриҳо бовар доранд, ки ин ҳодисаи ногаҳонӣ буд ва дар ояндаи наздик онҳо имкони ба чунин муваффақият ноил шуданро надоранд.
Кореягиҳо бо нигоҳ доштани тартибот ба пеш мераванд, аммо бо чунин роҳ дур нахоҳанд рафт. Фақат дар сурати дар хона барпо кардани мусобиқа ягон имкон хоҳанд ёфт. Нигериҳо бошанд, метавонанд барои ҷойи дуюм дар гурўҳ мубориза баранд. Рост, ки «суперуқобҳо» ҳоло он паррандаҳои баландпарвоз нестанд, ки пештар буданд. Лекин онҳо дар қитъаи худ бадвоҳима хоҳанд буд ва метавонанд, ки ягон дастаи фаворитро дар плей-офф хомталош кунанд.
Гурўҳи С:
Англия, ИМА, Алҷазоир, Словения
— Боз як гурўҳ бо фаворити мутлақ. Дар гумон аст, ки ягон даста садди роҳи ҷойи якумро гирифтани англисҳо шавад. Ҷойи дуюмро бо боварӣ ба америкоиҳо додан мумкин аст, зеро футбол дар ин мамлакат бо суръат инкишоф меёбад ва чиновникҳо ба варзиш аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд. Ҳоло дар ин қитъа футбол кам ба назар расад ҳам, аммо мусобиқаи гузаштаи ҷаҳониро дар ёд дорем, ки тими мунтахаби ИМА дар вохўриҳои финалӣ бомуваффақият баромад кард. Футболбозонаш заҳматкаш ва қавииродаанд, ки то охирин лаҳза мубориза мебаранд. Аз онҳо «surprise» интизор шудан мумкин аст. Алҷазоир ва Словения низ мубориза хоҳанд бурд, аммо боварӣ ба комёбии онҳо кам аст. ИМА Русия ё Миср нест, ки худро ба шармандагӣ диҳад.
Гурўҳи D:
Германия, Австралия, Сербия, Гана
— Саволи асосӣ дар ин гурўҳ – кадом даста ҷойи дуюмро мегирад, аст. Тақдири ҷойи аввал ҳалшуда гўем ҳам, хато намекунем ва бо боварӣ онро ба немисҳо медиҳем. Барои ҷойи дуюм «хунхўрӣ» мешавад, ки Сербия бартарии бештар дорад, аммо ду дастаи дигарро сарфи назар кардан нашояд. Барои ганагиҳо осонтар аст, зеро дар наздикии хонаи худ бозӣ мекунанд. Дар маҷмўъ аз дастаҳои африқоӣ дар қитъаи худ ҳангомаро бояд интизор шуд. Кай боз чунин имконият ба даст меояд? Аммо агар маҳорати дастаҳоро ба инобат гирем, сербҳо бояд ҷойи дуюмро гиранд, ҳарчанд тими мунтахаби ҳозираи Германия аз дастаҳои пештара заифтар аст. Клозе ва Гомес на он қувваеанд, ки ба онҳо такя кардан имкон дорад. Рост, ки тартибот ва таҷрибаашон беҳамтост ва ин бартарии асосӣ мебошад.
Гурўҳи Е:
Голландия, Дания, Ҷопон, Камерун
— Гурўҳи мураккаб. Баъди гурўҳи «G» пурқувваттарин ба ҳисоб меравад. Голландиҳо бешубҳа фаворит шуморида мешаванд, ки ин мувофиқи онҳост, зеро даста даври интихобиро бомуваффақият гузашт.
Метавон таваккал карда, Камерунро дар ҷойи дуюм гузошт, зеро боз як дастаи пурқуввати африқоист, ки дар минтақаи худ баромад мекунад. Маротибаи охир ҳамдастаҳои Это’О қариб буд, қаҳрамони минтақаи сиёҳпўстҳо шаванд. Дания ҳам мисли Голландия вохўриҳои интихобиро бобарор пушти сар кард. Даста футболи зебо нишон додан метавонад, аммо ба плей-офф баромаданаш дар гумон аст. Ҷопониҳо вақтҳои охир дар футбол пешравӣ дорад. Футболбозоне доранд, ки дар Аврупо бозӣ мекунанд. Дараҷаи маҳорати онҳоро ҳамин мусобиқа муайян мекунад, лекин аз 1/8 финал боло рафтани онҳо ҳоло барвақт аст.
Гурўҳи F:
Италия, Парагвай, Зеландия Нав, Словения
— Барои фаворитро осон пешгўӣ кардан гурўҳи мувофиқ аст. Зинаи якум бе шаку шубҳа насиби итолёвиҳост. Ҷойи дуюм ба Парагвай. Ин даста дар минтақаи Америкаи Ҷанубӣ зинаи сеюмро касб кардааст ва аз бразилиягиҳо, ки ҷойи якумро гирифтанд, як хол камтар дорад. Ин нишондиҳандаи ҷиддӣ аст!
Чунин ба назар мерасад, ки дастаи Зеландаи Нав ба Афирқои Ҷанубӣ чун сайёҳ меравад, зеро вазифаи дарпешистодаро кайҳо бо сарбаландӣ пушти сар кард. Дар ин байн Словакия мемонад, ки ду маротиба бозиро бар Словения, ки Русияро аз финал маҳрум кард, бохтааст. Чунин ба назар мерасад, ки Италия ва Паргвай барои ба плей-офф баромадан имкони аъло доранд ва ду дастаи дигар ҳеҷ наметавонанд, ки садди роҳи ин дастаҳо шаванд.
Гурўҳи G:
Бразилия, ҶХД Корея, Кот-д’Ивуар, Португалия
— Гурўҳи аз ҳама пурқувват дар ин мусобиқа! «Гурўҳи марг» гуфтан мумкин аст, агар Кореяи Шимолӣ намебуд, аммо ба ҳар ҳол диққати мухлисон аслан ба ҳамин гурўҳ нигаронида мешавад. Дар назари аввал чунин менамояд, ки Бразилия дар ин гурўҳ фаворит аст, аммо на ҳама вақт назари аввал дуруст мебарояд. Суперситора дар ҳайати ин даста ба ғайр аз Кака дигар ба чашм намерасад. Худи Кака ҳам он бозигаре нест, ки се-чор сол пеш буд. Аз ин рў бо Бразилия сар ба сар шудан мумкин аст. Се дастаи дигар кумирҳои худро доранд, ки метавонанд бо ёри онҳо ба даври дигар гузаранд. Бурди асосии карисҳо тартибот ва ноумед нашудан аст. Пуштибони португалиҳо Криштиану Роналду ба шумор меравад, ки аз вай ҳар вақт қаҳрамонӣ интизор шудан мумкин аст. Кот-д’Ивуар Дрогба дорад, ки ҳама корро дар майдон кардан метавонад ва дар байни ҳамдастаҳояш зўрҳо боз ҳастанд. Аз ин рў мубориза, футболи зебо, комёбӣ, нокомӣ ва ҳатто ҷангу ҷанҷолро дар ҳамин гурўҳ интизор шудан мумкин аст.
Гурўҳи Н:
Испания, Швейсария, Гондурас, Чили
— Вазъият дар ин гурўҳ мисли гурўҳи F аст – аз ҷойи аввал ба даври дигар испаниҳо мебароянд, аз ҷойи дуюм Чили, ки дар вохўриҳои интихобии минтақаи Америкаи Ҷанубӣ бо ишғоли зинаи дуюм ба ҶАҶ роҳхат гирифт. Гондурас мисли Зеландия Нав метавонад, ки аз сайёҳи ин кишвар шуданаш хушҳолӣ кунаду мукофотпулии ба финал расиданро ба ҷайб зада, осуда шавад. Швейсарияҳо бошанд, бояд ноумед нашаванд ва бо Чили барои ҷойи дуюм дастбагиребон шаванд, шояд натиҷае диҳад, аммо ба ин боварӣ кам аст.