Лайлатулқадри ман!

Ту шабеҳи гулӣ. На! Шабнамӣ. На! Боронӣ!
Масалан, бар лаби як ташна мисоли ҷонӣ!

Фарз кардем, ки ту як мӯъҷизаӣ, ҷозибаӣ,
Мани раҳгумзадаро сӯи худат гардонӣ,

Бо ҳамин шиддату ин ҷозибаи кайҳонӣ,
Ту далели ради се қонуни як Нютонӣ.

Гуфтӣ як бӯса ба вом медиҳаму суд – дучанд,
Магар, эй ёр, ту ҳам тоҷирӣ, бозаргонӣ?

Мардумон рӯзи хуш аз қадр бихоҳанд, аммо,
Лайлатулқадри ман он шаб, ки ту пешам монӣ!

То сияҳрӯзу сияҳрӯ нашавад Шуҳрати ту,
Бояд он мӯйи сияҳро ба сарам афшонӣ!

© Душанбе, 23.07.2014

Comments are closed.