Лоиқ Шералӣ

Устод Лоиқ Шералӣ шоири бузурги муосири тоҷик 20 майи соли 1941 дар деҳаи Мазори Шариф, њамсоядеҳаи Панҷрўд,  воқеъ дар шаҳристони Панҷекати Тоҷикистон ба дунё омадааст.

Устод соли 1978 барои маҷмӯаи “Хоки ватан” ва “Илҳом аз Шоҳнома” барандаи ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ гардид. Ғайр аз ин Лоиқ унвони давлатии “Шоири халқии Тоҷикистон”-ро соҳиб шуда буд. Моҳи майи соли 1999 ба устод ҷоизаи байналмилалии “Нилуфар” эҳдо гардид. 30 июни соли 2000 соати 12 бар асари бемории сактаи мағзӣ чашм аз ҷаҳон пӯшид.

ЗИНДАРӮДУ ПАНҶРӮД
Зи рӯди Рӯдакӣ бувад
Суруди мо, дуруди мо.
Зи риштаи сухан бувад
Бақои тору пуди мо.
Тулӯи меҳри ҷовидон –
Замини бошу буди мо.
Суруди Панҷрӯдро
Зи Зиндарӯд бишнавем.
Дуруди Зиндарӯдро
Зи Панҷрӯд бишнавем.
Биё, суруд бишнавем,
Биё, дуруд бишнавем –
Суруде аз ягонагӣ,
Дуруди ҷовидонагӣ.
Зи боғи меҳри мо дамад
Ҷавонаҳо, ҷавонаҳо.
Зи мағзи ҷони мо расад
Таронаҳо, таронаҳо.
Бувем бар канори ҳам
Ба саҳни бекаронаҳо.
Суруди Панҷрӯдро
Зи Зиндарӯд бишнавем.
Дуруди Зиндарӯдро
Зи Панҷрӯд бишнавем.
Биё, суруд бишнавем,
Биё, дуруд бишнавем –
Суруде аз ягонагӣ,
Дуруди ҷовидонагӣ.
9.8.1992

Дар қоимаи ҳайкали Рӯдакӣ
Асо бар даст меоӣ зи роҳи дур, эй устод,
Зи шаҳри тирабахтиҳо ба шаҳри нур, эй устод.
Барои он ҳама озори ҷисмонию рӯҳонӣ
Бидорӣ кӯрии таърихро маъзур, эй устод.
* * *
Шеърҳоят то нашуд гум, мо туро кай ёфтем,
Кай ба қадри ту расидему туро дарёфтем?
Зиндаатро устухон кардем то рафтӣ ба хок,
Боз сутхони туро чун ганҷи сармад кофтем.

Дар девори мақбараи Рӯдакӣ дар Панҷрӯд
Устухонатро зи баъди даҳ сада
Ёфтанд аз зери хоки деҳкада.
Устухон бисёр дар зери замин –
Устухони пайкарони одамин.
Аз миёни хирмани сутхони хушк
Ҳар кадомеро чу мекарданд даст,
Устухоне нола зад, фарёд зад,
Пас бидонистанд, сутхони ту аст.

Дар дафтари осорхонаи Рӯдакӣ дар Панҷакат
Рӯдакӣ кӯр буд ё бино? –
Баҳси донандагони ҳоли ӯст.
Шеъри ӯ лек дар ҳама айём
Чашми бинои ӯ, камоли ӯст.
Шеъри устод ҳолномаи ӯст.
Дар шигифтам зи баҳси олимҳо:
Ҳар кӣ кӯр аст, кӯр бишморад,
Ҳар кӣ биност, хонадаш бино…

Дар девони Рӯдакӣ ба ҷои бисёрнуқтаҳо
Нуқтаҳо чун лахчаи сарде нишони оташанд,
Нуқтаҳо чун захми дил аз рӯзгори нохушанд.
Нуқтаҳо ҳам бори маънӣ мекашанд.
Нуқтаҳо чун доғи дил,
Чун решҳои ҷони ту,
Нуқтаҳо чун захмҳо дар сафҳаи девони ту
Монда ҷои мардуми чашмони ту.
Ростиро, нуқтаҳои шеърҳои гумшуда
Аз басо шеъре, ки мебофем мо, гӯётаранд,
Пурсадо, пурдард, пурмаънотаранд.
Нуқтаҳо дар сафҳаи девони ту…
Баски даҳ аср аст меҷӯӣ ту роҳ
Бо дили маҷрӯҳу захми хунчакон
Аз замоне то замоне,
Аз маконе то макон,
Аз ҷигар, аз захми виҷдон, захми дида
Қад-қади раҳ хун чакида…
Нуқтаҳо чун қатраи хун
Аз дилат бар сафҳаи девон расида…
Ҳар нуқат чун гавҳари ду дидаи бинои ту
Акс созад сурати аъдои ту…

РОҲИ ДИЛҲО
Ба муносибати гузошта шудани ҳайкали устод Рӯдакӣ
Кашида мил бар чашмаш, варо ронданд аз даргоҳ,
Ки то бечашм баъд аз ин набинад рӯи дунёро,
Наёбад пештар з-он зумраи бедарду бетавфиқ
Ба боли улвият биншаста роҳи мулки фардоро.
Гумон карданд роҳи ӯ зи гаҳвора-ст то тобут,
Гумон карданд чашми ӯ фақат чашм асту дигар ҳеҷ.
Гумон карданд чашми ӯ ба мисли кирмаки шабтоб
Барои хеш мерахшад,
Ба як дам мешавад нобуд.
Гумон карданд ғайри боргоҳи миру шоҳонаш
Маконе нест, маъво нест ӯро, ҳам нахоҳад буд.
Гумон карданд бо афтодани чашм аз сари шоир
Заволи безаволӣ мерасад, дар хокдони сард.
Дили сӯзони шоир ҷовидон хомӯш мегардад,
Забони розҳои одамиро мӯр хоҳад х(в)ард…
Бурун шуд устод аз боргаҳ танҳо асо бар даст.
Ба чашми заррабини дил ба худ оромгаҳ меҷуст.
Ба тӯли қарнҳо, дар чор фасли гардиши таърих
Ба мисли сабзаҳои навбаҳорон тозатар меруст.
Тапиданҳои моми зиндагӣ дар роҳи истиқбол,
Ҷароҳатҳову марҳамҳо, шикастанҳову бастанҳо,
Гаҳе якпоя истодан сари мӯе ба уммеде,
Гаҳе дар хонаи худ бепаногоҳе нишастанҳо…
Ҳама бар рағми майлу кинаи бегонапарварҳо
Нишони Рӯдакӣ бо риштаи тақдири худ метофт.
Зи қаъри асрҳои тира бо роҳи дили мардум
Нигаҳҳои дили устод мулки рӯҳбон мекофт.
Фақат шеъри гулоболуд дастовез меовард,
Ҳамон шеъре, ки чун африштаи нузҳат диловез аст.
Ҳамон шеъре, ки дар сабкаш дили тоҷик мерақсад,
Ҳамон шеъре, ки рамзаш зиндагии ҳасратомез аст.
Кунун ӯ ёфт ҷояшро, маҳалли ҷустуҷӯяшро.
Зи қаъри асрҳо бар шуд сутуни назми тоҷикон.
Нигар, эй дӯст, бар чашмони бечашмии ӯ аз нав,
К-аз он имрӯз Шарқи шеърпарвард аст нурафшон.
Куҷоянд он «ҷаҳондорону шоҳон?»
Бенишон рафтанд.
Дар ин соат, ки он «овора» мулки ҷовидонӣ ёфт.
На онҳо, на аҷал ӯро намиронданд! Ӯ имрӯз
Чу халқаш шоҳроҳи бахту иқболу ҷавонӣ ёфт!
11.10.1964