Камол Насруллоҳ

Камол Насруллоҳ 24-уми декабри соли 1950 дар Панҷрўд ба дунё омадааст. Соли 1986 бо супориши Ҳукумат маҷаллаи кўдаконаи «Чашма»-ро таъсис дод, ки то ҳол сармуҳаррири он аст. Муаллифи 13 маҷмўаи ашъор (аз ҷумла «Навгонӣ», «Барги зуф», «Нидои шаҳидон», «Гузаргоҳи дил», «Номаи боли кабўтар», «Нома ба офтоб», «То даме ки лонаҳо гарманд», «Тоҷикистонро дигар қисмат макун», «Дар фурудгоҳи як таманно», «Фаросўи нигоҳ», «Рў ба меҳроби Ватан») буда, барои китоби «Тоҷикистонро дигар қисмат макун» соҳиби Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ шудааст. Камол Насрулло Шоири халқии Тоҷикистон аст. Аз соли 2003-юм вазифаи муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро ба ўҳда дорад. Соли 2010 китоби наваш бо номи «Рў ба меҳроби Ватан» нашр шуд.

2 Responses to Камол Насруллоҳ

  1. Чизе навиштани буданд, аммо шояд имкон наёфтанд, аммо аз он, ки ба ин блог даромаданд, миннатдорам! Хуш омадед!