Хотира

Айёми кудакиям дар хонаи бобоям гузаштааст. Ману ду бародари калонам хамрохи бобову бибиамон зиндаги мекардем. Онхо ба гайр аз модарам дигар фарзанд надоштанд ва аз мо бародари калониро ба фарзанди гирифта буданд. Аммо ману бародари дигарам низ хамрохи онхо зиндаги мекардем, як оилаи намунави, ачоиб ва хеле сарчамъ будем.

Хануз ба мактаб намерафтам, ки рузе аз беадаби ва ё беахамиятиям ба зонуям сузан халид. Ха, ин дар хонаи аммаи модарам (дарвокеъ аммаи падарам хам хастанд. Ин низ як кисаи дигаре дорад, ягон вакт накл мекунам) руй дод. Болои кат сузан дар ришта (галтак) зада шуда будааст. Ман бо сари зонуям дар руи кат харакат мекардам, зеро чунин одат доштам ва борхо аз падарам барои ин корам танбех хам шунидаам. Як замон хис кардам, ки ба зонуям чизе сахт халид. Бинам сузан, онро зуд кашида гирифтам ва аз пайи он хатто он кадар хун хам набаромад. Пас аз чанд руз, баъди он, ки ман ба оббози машгул шудам, онро сармо зад ва зонуям варам кард. Падарам маро ба беморхонаи маркази нохия оварданд ва баъди чаррохи ман хамрохи амаки хурдиам — Аббос муддати 20 руз дар он чо мондем. Хондан ва хисоб карданро дар хамин чо ёд гирифтам. Дар кати пахлуи палатаи ман як марде хоб мекард, ки дар хотир надорам аз чи ранч мекашид, аммо медонам, ки «Хорпуштак» мехонд. Ман хонданро махз бо воситаи хамин мачалла ёд гирифтаам ва бесавод монданам шояд натичаи хамин бошад. Аммо хисоб карданро ба ман амакам омузонидаанд, ки ман барои ин корашон на камтар аз хамрохи карданашон маро дар беморхона, миннатдорам. Мо одамони рохро хисоб мекардем. Ду нафар аз боло омаданд як нафар аз поён, хамаги чор нафар мешаванд ё се гуён, хисоб мекардем. Ана хамин вокеаи сузан халидан боис шуд, ки ман пеш аз мухлат хондану хисоб карданро ёд гирам.
Хамон ватхо маро бо набераи хамон аммаи модарам, ки дар хонаи у ба поям сузан халида буд, ба шеърбарак мачбур мекарданд. Дар ёд дорам ман доим аз шеъри Турсунзода «Шухрати бисёр дорад тирамох» сар мекардаму набераи аммаи модарам сураи «Ихлос»-ро мехонд. Мутаассифона, ман дар ин гуна шеърбаркхо бештар вакт маглуб мешудам, зеро харифам бештар «шеър» медонист. Ин буд, ки бо талкини падарам ман ба аз ёд кардани достони «Садои Осиё»-и Турсунзода камар бастам. Падарам мегуфтанд: «Агар ту ин достонро аз ёд куни, хама дархои баста ба руят боз мешаванд»…

Муаллими аввалинам Калимуллох ном доштанд, ки дар шашсолагиям ба ман дарс гуфтаанд. Баъд дар синфи якум Бакоев Канд ном муаллиме, ки аз хамсоядеха буданд, маро сабак додаанд. Хануз, вакте ман бори аввал ба мактаб рафтам, дар сахни мактаб амр карданд, ки мо саф кашем. Ман дар катор дар аввал меистодам. Як замон маро ба сахна даъват карданд ва занги мактабхонаро ба дастам доданд, то онро зангула кунам. Намедонам барои чи садои он нофорам баромад. Муаллими Холикул маро баланд бардошт, то занги девориро «навозиш» кунам. Ман онро се маротиба пахш кардам. Ин як навъ аввалин кахрамони ман буд, ки то хол давом дорад.  Моро дар як синфхонаи бархаво, ки ман аллакай ба он одат карда будам, даъват намуданд. Ман хануз мактабхон набудам, ки ба назди падарам, ки директор буданд, мерафтам. Мо шабхо дар як синфхона кино тамошо мекардем.
Муаллими Калимуллох кади паст ва овози баланде доштанд, ки моро баъзан метарсониданд ва имкон намедоданд, ки дар вакти дарс хоб кунем. Ман хамрохи хамсояамон дар як парта менишастем ва у баъзан беадаби карда, маро дар бало мемонд. Зеро муаллим, ки хамсояи падарамино буданд, медонистанд, ки сарчашмаи беадабихо ман хастам ва хар амали ночоро ба ман нисбат медоданд. Лекин маро намезаданд, намедонам барои чи, шояд аз он, ки падарам рохбари мактаб буданд. Дар асл бошад ман боре хам аз ин мавкеи падарам ба манфиати худам истифода набурдаам. Мо дар як синф 28 нафар будем, баъд Чаъфару Дусту Манофро муаллим аз синфи мо пеш карданд ва онхо бо хамонхое, ки «шашсолаги» нахондаа буданд, хамсинф шуданд. Дар синфи мо 16 нафар бача ва 9 духтар буданд.

Хануз дар хамин класс мехондем, ки ман дар чустучуи хамоне шудам, ки бояд солхо мечустам. Бо хар касе сухан мекардам, дар у хамон симо, хамон сират ва хамон буе, ки дар худ сохта будам, пайдо кардани мешудам. Аз мо як курси пеш ду духтаре менишастанд, ки дар мукоиса бо дигарон зеботар буданд ва естественно хама ба онхо комплимент мекарданд. Рузу моху соли мо бо хамин минвол гузашт, ки мо ба синфи 1 кадам мондем. Дар ин класс ба мо, чуноне гуфтам, Бакоев Канд, як марди коматкутохи халим, шояд на он кадар донишманд, вале бомахорат аз хамсоядеха дарс мегуфтанд. Ин муаллим боре хам моро барои ягон амаламон, мисли дигар муаллимон лату куб намекарданд. Агар гунохе содир мекардем, аз ду гушамон баланд мебардоштанд, баробари кади кутохашон ва мегуфтанд: «Моли додота диди?» То он даме, ки «ха, дидам» намегуфти дар хамон баланди, дар дастони муаллим овезон меистоди. Аз зуд гуфтан хам метарсидем, зеро муаллим моро аз хамон баланди сар медоданд, хайрият, ки кадашон паст буд, вагарна захм бардоштан якин буд…