Панҷрўд

Панҷрўд — деҳаест дар дараи Киштуди водии Зарафшон. Ҳарчанд ману ҳамдеҳагонам боре ҳам аз оби Зарафшон наошомидаем, аммо Уреҷ, ки сароби Зарафшон аст, маҳз аз кўҳҳои азими Чимтарға поён мешаваду аз байни Панҷрўд мегузарад. Номи деҳа ба панҷ рўд доштани он шаҳодат медиҳад, аммо ҳоло аз ин рўдҳо осоре намондааст. Падарам ҳикоят мекунанд, ки аз ҷониби Сои Нова як рўд поён мешудаст, ки имрўз ҳам аз он ба қадри як ҷумаки офтоба об ҷорист. Наҳри дигаре дар Даҳони Ноч будаст, ки ҳоло ҳам об дорад. Рўди сеюм аз Шахи Сиёҳ поён мешудасту деҳаро аз мавзеъҳои тобистоннишин ҷудо мекардаст. Рўди чорум аз пушти кўҳи Ковона фуромада ба дарёи асосӣ – Уреҷ ҳамроҳ мешудаст, ки он дар сарҳади Артуч ҷойгир аст. Рўди панҷум ва албатта асосӣ, балки рўди якум Уреҷ аст. Ҳамаи ин наҳрхо об доранд, аммо мисли як чашмае ҳастанд, агар Уреҷ набошад, онҳоро шояд наҳр ҳам гуфтан мумкин бошад. Мардумони Панҷрўд аслан дар соярў зиндагӣ мекунанд. Замоне дар офтобрў деҳае будааст, ки онро Уффор мегуфтаанд ва шояд Рўдакии Уффорӣ (ин тахаллусро бори аввал овозхони бисёр донишманд, донандаи хуби “Шашмаком” Фурқати Саид истифода кардааст, ки мегуфт: “Уффари ороми ҷон” аз мавзеи Уффори Панҷрўд гирифта шудааст) маҳз аз њамин мавзеъ бошад. _________________________________________________________

Аз таърихи Панҷрўд

Абдураҳмони Мустаҷир ном нависандае бо ҳамроҳии аскари Урусия, ки соли 1870 ба бо болооби Зарафшон экспедитсияи ҳарбӣ ташкил намуда буданд, ба сарзамини мо сафар кардааст ва маҳсули ин дидаҳояшро дар китоби «Рўзномаи сафари Искандаркўл» тасвир намудааст. Вай дар бораи Панҷрўд чунин менависад: «Баъд аз он тангӣ гузашта будем, ки як қишлоқи калоне намудор шуд. Ба он қишлоқ рафта, дар як чорбоғе фуромада, шаб хоб карда, пагоҳирўз хеста, дидем, ки бисёр ҷои васеи файзосор ва чаҳорбоғи бисёр дорад. Зардолу ва себ ва олуча ва чормағз ва зироати бисёре дорад, мисли гандум ва ҷав ва зағир ва боқило ва арзан ва қуноқ. Панҷ санги осиёб ва се масҷид доштааст. Мардуми он қишлоқ миқдори сад хонавор. Ва ҷои ободе будааст. Ба он ҷой ҳам оташ заданд. Ва он қишлоқро Панҷрўд мегўянд, аз он сабаб, ки сари ҷўй аз панҷ ҷо будааст». Ин тасвири Мустаҷир то ҳол боқӣ мондааст, чун Панҷрўд ҳоло ҳам макони файзосор ва чорбоғҳои зиёде дорад. Ҳар хонадори ин мулк соҳиби боғу роғ аст, ки бисёр ҷои бофароғат ва зебост. Боғҳо аз Зардолу, себ, нок, олуча, чормағз ва дигар дарахтони мевадиҳанда иборатанд ва дар кўҳҳо дарахтони худрўи хасакии себу писта ва зирку ҳулўлу вағнич зиёданд. То солҳои наздик тамоми аҳолии Панҷрўд рисқашонро аз боғдорӣ медиданд, чун себу ноки аълояшон дар бозорҳои Туркманистону Ўзбекистон баҳо надошт. Баъд ҷумҳуриҳо мухтор шуданду роҳҳо баста ва мева хўроки чорво шуд. Баъзе аз боғҳоро буриданд ва дар пайи он гандум киштанд. Баъзе аз боғҳои дигарро Шўравӣ иҷозат намедод, ки равнақ ёбанд, чунки дар ин заминҳо тамоку кишт мешуд ва маҳсулоти «стратегӣ» ба ҳисоб мерафт. Ҳоло дар ҳеҷ куҷои Панҷрўд тамоку кишт намекунанд, зеро ба он талабот нест. Аз зироат мардум то ҳол ба гандуму ҷавкорӣ машғуланд, аммо зағиру боқилову арзану қуноқ кам дида мешавад. То истиқлолият кўҳҳои Панҷрўд манбаи чарои  бузу гўсфандон ва гову мол буд, аммо бо вазидани боди Истиқлол, дарҳои магазин баста шуданду орд камчин гардид. Ин буд, ки ағлаби мардум ба кўҳҳо баромад, порчаҳои замини ҳамворро барои кишти гандуму ҷаву нахўд шудгор карданд. Ман ҳам дар ин қатор дар чанд мавзеъ деҳқонӣ кардаам ва то андозае муваффақ ҳам шудаам. Баъзан барои кашидани равған одамон дар заминҳои лалмӣ индов ном зироатро кишт мекунанд, ки ҳосилхез аст, аммо ман онро боре накиштааму надаравидаам. Аз сангҳои осиёб чизе боқӣ намондааст. Шояд лашкари урус ин ҷоро ба оташ кашида, онҳоро нобуд карда будаанд. Дар ёд дорам, ки то охири солҳои 70-ум, ҳамон вақте, ки сели аввали харобкунанда омад, дар назди ҳавлии бобоям осиёбе буд. Таърихи бунёдашро намедонам, аммо дар ёд дорам, ки ҳамин сел онро вайрон кард ва чанд сол пас (тахминан 15-17 сол) Мирзамон ном марди деҳа, ҷойи осиёи авлодӣ гўён, дар пайи он осиёби наве сохт. Ин осиёб ҳам баъди чанд моҳ ба коми сели нав рафт ва ҳоло дар пайи он дарё равона аст. Дар ҳамин солҳо (80-90) дар саргаҳи деҳа Ёдгори Зоҳид аз оби Ҷўи Малик (ин ҷўй ҳам қиссае дорад, ки баъдтар хоҳам гуфт) осиёбе сохт, чун мардум ба он эҳтиёҷ пайдо карданд. Акнун ин осиёб ҳам аз фаъолият мондааст ва мегўянд, ки чанд ихтироъкор дар ҷойи он, чарху обашро истифода карда, истгоҳи барқӣ сохтаанд ва дар вақти набудани нури «Барқи Тоҷик» хонаҳояшонро рўшан мекунанд. Замона чун пешрафт карда буд, чанд осиёби барқӣ ҳам амал мекард, ки гардонтаринаш ба Муҳаммадзиё тааллуқ дошт. Дар солҳои баъди барҳамхурии СССР, ки Тоҷикистон ба ҷанг кашида шуд ва мардум аз бисёр ҷиҳат танқисӣ мекашиданд, ҳикоят мекунанд, ки ба ин осиёб одамон ҳатто ҷуворӣ ва донаи ҷорўбро барои орд кардан овардаанд.

Имсол ман Мағок дидан кардам (августи соли 2010)

Имсол ман аз Мағок дидан кардам (августи соли 2010)

Ман дар ин даврон барои таъмини оилаамон бо падарам деҳқонӣ кардаам ва бе нон мондану аз Мағок гандум даравида ба осиёб барои орд кардан овардани ману падарам ҳикояте дорад, ки фурсат шавад, қисса хоҳам кард. Масҷиди ягонаи Панҷрўд, ки солҳои Шўро дараш бо қуфли калон баста шуда буд, ҳоло амал мекунад ва фарзандону наберагони Мулло Муҳаммадамин (дар Самарқанду Бухоро таҳсил кардаанд) ба имоматӣ машғуланд. Шояд ин ягона масҷиде бошад, ки Мустаҷир аз он ёд кардааст ва аз оташ эмин мондаасту баъдтар онро тармиму масоҳаташро васеъ кардаанд. Дар ёд дорам, ки борҳо милисаи советӣ ба болои мардуми намозхон «ҳуҷум» карда, онҳоро аз ин амал манъ мекард. Аммо бобоям ва дигар ҳаммаслакону ҳамсолонашон дар хонаи нафаре ҷамъ шуда, намози ҷумъаро мехонданд. Намози таровеҳро бобоям дар хона танҳо мегузоштанд ва маро талқин мекарданд, ки намоз хонам. Ин буд, ки ман ҳанўз аз синфи 5-ум бо ҳамроҳии бародаронам ва бобоям дар хона намози ҷамоат мехондем. Дар ин чанд соли охир ҳаммаҳаллаҳои мо аз Роҳи Боло дар гўшае масҷид бунёд карданд ва падари ман, ки дар назди Шайх Нормуҳаммади Солеҳ сабақ гирифтаанд, дар он имоматӣ мекарданд. Боз як масҷиди дигар дар Сойи Алибек амал мекунад, ки имоматии онро Мулло Нуриддин бар дўш доранд. Аммо ҳикоят мекунанд, ки Ҷалолиддини фарзанди Хоразмшоҳ дар Панҷрўд масҷиде сохта будааст…