«Майдан»

Чу қудратҳо, ки маст аз бӯйи нафтанд,
Ба ҷони ҳамдигар бешубҳа афтанд.
Дар ин байн Украину халқи хохол,
Ба «Майдон» омаданду холӣ рафтанд.

Гуноҳи Украина дар ҳамин аст,
Миёни хайру шар ӯро замин аст.
Варо аз хайр хайре нест дигар,
Ки шар ӯро ҳамеша дар камин аст,

Маро не нафт, не шамъу чароғ аст,
Дилам бар Украина доғи доғ аст.
Шабе дар хоб дидам саҳни «Майдон»,
Наҷосатгоҳи хирсу ҷеғи зоғ аст!

Ҳаҷҷи акбар

Дидаро дар раҳгузораш то саҳар тар кардаам,
Ғуссаро авҷи хурӯҷи дарди ҷоғар кардаам.

То расад оҳам ба асвадсанги қалбаш, ҳоҷивор
Дар тавофи дидаҳояш ҳаҷҷи акбар кардаам.

Хешро аз сарҳади ишқаш бурун кардам агар,
Тавбаро бишкаста дастамро ба соғар кардаам.

То наяфтад гарди роҳе бар вуҷуди нозукаш,
Сар ба рӯи хоки пояш хок бар сар кардаам.

Меҳисобидам ба афсунам хаёлаш ром шуд,
Чун Афандӣ бар дурӯғи хеш бовар кардаам.

Бе вуҷудаш шеърҳоям тори мӯ арзиш надошт,
Шуҳратамро сарфи мадҳи зулфи дилбар кардаам.

 

Баъд аз ин…

Азм кардам, ки фаромӯшат кунам.
Ҳалқаи озодӣ дар гӯшат кунам,
Пеш о, эй дури дури дури ман,
Бори охир сахт оғӯшат кунам…

Баъд аз ин дар кӯчаҳои ёди ман,
Нест ёде, ки расад бар доди ман.
Зӯза хоҳад зад яке гурги алам,
Шеърро бо шевану фарёди ман.

Баъд аз ин аз ту дигар дил кандаям,
Мурдаам, аммо ба сурат зиндаям.
Мотами миллист дар аъзои ман,
Парчами ишқи ту сар афкандаям.

Мерасӣ аз дуриҳо бар шаҳри ман,
Нӯшдору то шавӣ, эй заҳри ман.
Мерасад рӯзе, ки мегӯӣ, дареғ,
Бо ту будан давлате буд баҳри ман.

© Душанбе, 15.02.2014

Бегонаи ман

Бӯсагоҳат холӣ аз лабҳои ман,
Чашмҳоят сӯи ман, аммо намебинӣ маро.
Кокулони майдабофат пушти арки шонаҳоят мезанад мавҷ,
Мекашад манро ба сӯяш
Маст месозад ба бӯяш…

Мисли хобе рафтӣ аз шабҳои ман,
Дар сарам дорам ҳавоят, дар дили ту ҳасрате ҳаст,
Нек медонам забони мову ту бошад забони ошиқӣ,
Бо ҳама ҳамсониву ҳамҷониву ҳамқисматӣ,
Бо ту дар хатти мувозӣ
Аз ту дурам,
Дури дури дури дурам…

Дур мондӣ аз ману табҳои ман.
Ман, ки месӯзам ту месӯзӣ, намесӯзӣ маро.
Ҳисси Регистони ишқат, мебарад то Гӯри Мири чашмҳоят,
Гирд-гирдаш симхору минакорӣ аст хокаш,
Тангчашме пуштибонаш!

Матлаби ман!
Эй таби шабҳои ман,
Ҳол аз ту дурам акнун,
Тоҷикистонам, ки дорам ҳасрати тахти туро.
Ту Самарқанди чу қанди солҳои Темурӣ,
Ту Бухорои дигар,
Баъди Шӯрои дигар…

© Душанбе, 21 январи соли 2014

Майдаавбош*

Дарси адаб ман аз паси дар сар кашидаам,
Бо иштиёқе кокули духтар кашидаам.

Дар номаҳои беҷавоби кӯдакии худ,
Акси уқобе дар кафаш кафтар кашидаам.

Дар сафҳаи мусаввири хотираҳои ту,
Як дил ба рӯяш дастаи ханҷар кашидаам.

Ҳар шаб барои дидани қадди ниҳоли ту,
Қадди ниҳоли кӯчаро дар бар кашидаам.

Ҳоло барои бурданат, Рахшонаки дилам,
Чун барбаросе нақшаи дигар кашидаам.

Хезу бароям каллаи Испитамон биёр,
Искандарам, ки бар дарат лашкар кашидаам!

© Душанбе, 2 январи соли 2014

_______________

*Интеллигентный хулиган

«Возвращение в Панджруд»

Андрей Волос

…Коре, ки бомдод оғоз шуда буд, аллакай дар пешин ба анҷом расид, Амр ибни Лайс, ки фориғболӣ кард, асир афтод. Асири маъруф бо андӯҳ даст ба дуо бардошт ва аз паси панҷа яке аз ҳаммолони худро пай бурд, ки бо бе қарорӣ дар қароргоҳи душман ҳар тараф мегашт. Садояш кард:
— Ман тани танҳо мондам, бо ман бош. Ягон чиз омода кун, ҳар чӣ набошад зиндаам ва бе ғизо наметавонам.
Дили ҳаммол ба ҳоли ҳокими сарнагуншуда сӯхт. Аз куҷое як пора гӯшт пайдо кард, аз сарбозони бегона зарфи оҳанӣ пурсид, хасу хошок ҷамъ кард, чанд дона қайроқсангро паҳлӯи ҳам гузошт, оташ афрӯхт, гӯштро дар зарфи болои оташ монд ва рафт, ки намак ба даст орад.
Дар ин вақт аз куҷое ба назди оташ саге пайдо шуд. Вай барои ба даст овардани устухон сарашро ба даруни зарф халонд, аммо, магар сӯхт, ки фукашро кашид; дастаи зарф, ки ба тарзи амудӣ рост меистод, ба гардани саг банд шуд. Саг вингос зад ва зарфи сӯзонро бо худ бурд.
Ин саҳнаро дида Амр ибни Лайс рӯ ҷониби лашкари душман кард ва хандиду гуфт:
— Дар ҳақиқат тақдир тағйирёбанда ва нопойдор аст: субҳ ошхонаи маро чорсад уштур мекашид, шом онро як саг бурд.
***
Не, Шейзарро суруд гуфтани бародараш ба ҳайрат намеовард. Ҳаминам гап шуд! Дар Панҷрӯд ҳар кас метавонад суруд гӯяд – ҳар нафар! Зеро аз ҳама булбулони хушхон ва хушовози Аҷам дар Панҷрӯди онҳо ҳастанд.
***
— Устод, ба фикри шумо аз ҳама чизи асосӣ барои инсон чӣ аст?
Ҷаъфар «ҳмм» гуфт.
— Ман бо гуфтаи як нафар ба ин саволи шумо ҷавоб мегӯям. Аз як донишманд чунин савол карданд, ҷавоб дод: аз ҳама доди беҳтарин ин фаросати худододӣ аст. «Агар Худо ба одам фаросат надода бошад?» Он вақт чизи асосӣ дониш аст, — гуфт донишманд. «Агар дониш ҳам кам бошад?» Он вақт забони ростгӯ. «Агар ин ҳам набошад?» Он вақт бояд хомӯш буд, — гуфт донишманд. «Агар хомӯш нишастан натавонад?» — пурсид як бадбахте. Он вақт бимир! –дод зад донишманд, чун сабрро аз даст дода буд.
***
— Фарзандам, ман ба ту чунин насиҳате дорам, — Ҳаким як нафас кашид ва зонуи ӯро сила кард. – Медонӣ, баҳои ҳар чизи хубро мешавад, ки бо миқдоре аз чунин чизҳои фачу лач баргардонд. Як аспи хуб сад динор аст – даҳ аспи ношуд ҳам сад динор қимат доранд. Як уштури хуб сад динор ва даҳ шутури бекора ҳам сад динор. Ҳамин хел либосу аслиҳаву зару зевар, аммо фарзандони Одам истисноянд: баҳои як одами хуб ҳазор одами ношуд шуда наметавонад. Инро аз ёд набар!
***
Одамро куштан мумкин нест. Гӯсфанду говро куштан мумкин аст. Мешавад, ки саг, шер, ё ҳар чизи дигареро кушт, боке нест. Аммо агар одам кушта шавад, қонуншиканӣ мешавад. Ҳар касе одам мекушад, гунаҳкор мешавад.
Барои чӣ?
Зеро одам ягона махлуқест, ки Худоро мешиносад.
________________
Аз китоби «Бозгашт ба Панҷрӯд»
Андрей Германович Волос

«Сурх ва сиёҳ»-и Муртазоев

Баъди хондани як пости Абдувоҳиди Зевар дар facebook дар бораи тарҷумаи китоби «Сурх ва сиёҳ»-и Стендал аз ҷониби Бахтиёр Муртазоев хостам бардошт ва ёддошти худамро дар бораи ин тарҷума нависам.
Ростӣ, ман ҳам ин китобро аввал ба забони русӣ хонда будам ва баъдтар сифр аз бекитобӣ тарҷумаи тоҷикии онро хондам. Агар гӯям, ки лаззати тоҷикиаш бештар буд, ба он сабаб ки тарҷумон гӯё онро худаш навиштааст, на асари Стендал аст. Тасвирҳо он қадар рӯшан буданд, ки ман он саҳнаҳоро медидам. Ҳар касе боре пинҳонӣ дар зери миз дасти барояш азизеро дар кафи даст гирифтаву фишурдааст, лаззати бештари саҳнаи дар боғча дасти соҳибхонаро гирифтани Сорелро ҳис кардан метавонад. Аксари духтарон кам ё зиёд рафтору кирдори Матилдаро дар худ доранд. Ин саҳнаҳоро мутарҷим онқадар тоҷикона тасвир кардааст, ки гумон намекунед, асар ба дигар забон навишта шудааст. Агар Стендал забони тоҷикиро медонист, бе шубҳа ба маҳорати Муртазоев қоил мешуд. Аслан тарҷумаҳои мо, ки фармоишӣ буданд (замони Шӯравӣ ҳамин тавр будааст) бо ибораҳои содаву калкаҳои хушк иҷро мешуданд ва хонандаро дилгир мекарданд. Дар зимн, бояд гӯям, ки тарҷумаҳои Ш. Шараф, А. Аслам ва чанде дигарон ба ин гурӯҳ дохил намешаванд, зеро ин мутарҷимон тақрибан баробари муаллиф заҳмат кашидаанд. Муртазоев ҳам анқариб баробари Стендал меҳнат кардаанд, ки ҳалолашон бод. Аз тарҷумонҳои насли баъдӣ Салими Зарафшонфар низ маҳорати хуб доранд.
Ба ҳар касе, ки китобе хонданӣ мешуд, ҳатман ин асарро тавсия мекардам. Чанде аз онҳо бармегаштанду таърифу тавсиф карда боз асари дигареро пурсон мешуданд, аммо баъзеи дигар баъди андаке мегуфтанд, ки хондани ин китоб дилгиркунанда аст. Дар асл ҳам барои баъзеҳо саҳифаҳои аввали он дилгиркунанда менамояд, вале ин айби тарҷумон нест, балки услуби худи нависанда аст.
Ман Бахтиёр Муртазоевро ғоибона мешинохтам, чун ҳамсабақи падарам буданд ва додоям дар бораашон нақлҳо мекарданд, аммо, ростӣ, дар ёдам набуд, ки тарҷумони ин асари пурарзиш он кас ҳастанд.
Вақте ба идораи рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба кор омадам, болои дари кабинети паҳлӯи ҷои корам навиштаи «Минбари халқ» Сармуҳаррир Бахтиёр Муртазоев»-ро хондам, хурсандиамро ҳадду канор набуд, зеро ҳамсабақи падарамро пайдо карда будам. Иҷозат пурсида ворид шудам, ки бо як духтари тахминан ҳамсинну соли ман сӯҳбат мекарданд. Маро бо ишора ба нишастан даъват карданд ва худашон сӯҳбатро давом доданд. Аз аввалин суханашон ҳис кардам, ки дар бораи «Сурх ва сиёҳ» гап мезананд. Чашмам ба китоби болои миз афтод: Стендал. «Сурх ва сиёҳ»!
Муртазоев зоҳиран ба он духтар ин китобро тавсияи хондан карда буданд ва маълум буд шогирдашон, чун дигар тавсиядиҳандагони ман аз аввалин саҳифаҳои китоб дилгир шуда, онро пурра мутолиа накарда буд, зеро ба пурсишҳо муҷмал ҷавоб медод. Ман худамро дошта натавонистам ва ба як пурсишаон бо ҳаяҷон саҳнаеро аз асар нақл кардам. Муртазоев бо табассум ва андаке ҳайрат гӯш мекарданд. Гуфтанд:
— Шумо ин китобро кай хондед?
— Тахминан дар синфи 10, — ҷавоб додам.
— Офарин! – гуфтанд.
Ман далер шуда гуфтам, ки тарҷумаи тоҷикии онро дар вақти донишҷӯиам хондааму саҳифаҳои аввалаш хонандаро дилгир мекунад.
— Шумо медонед, ки онро кӣ тарҷума кардааст? – пурсиданд Муртазоев.
— Дар ёд надорам, — гуфтаму хиҷолат кашидам.
— Ман онро дар Афғонистон тарҷума кардам, — гуфтанд.
Ман бештар хиҷолат кашидам ва омодаи узр пурсидан будам, ки гуфтанд:
— Дуруст мегӯед, ин қисмати авали китоб дар асл ҳамин хел аст ва ман ҳам онро дар шароити на он қадар хуб тарҷума кардаам.
… Баъди сӯҳбати тӯлоние дар бораи китоб (он духтар фаромӯш шуда буд) Муртазоев дасти маро фишурданду гуфтанд:
— Агар шумо ин асарро ба ду забон хонда бошед, беҳтарин дӯстдори китоб ҳастед!
Духтарак аз сӯҳбати мо чизе ба худ хулоса кард, ки дубора китобро ба ҷузвдонаш зад ва хайрхуш карда бадар рафт. Ману Муртазоев бо ҳам шинос шудем.
Акнун ки шунидам Бахтиёр Муртазоев тасмим гирифтаанд рӯи ин тарҷума аз нав кор кунанд, росташ хурсанд нашудам. Аз ин беҳтар тарҷума намешавад! Муаллими азизи мову шумо бояд маҳорати худро дар тарҷумаи ягон шоҳасари дигаре сарф кунанд, зеро маълум аст, ки кам нафарон ин меҳнати тоқатфарсоро таҳаммул кардан метавонанд.
Бо ҳамин баҳона мехостам ба Бахтиёр Муртазоев миннатдории худам ва чанд дӯстамро, ки аз мутоилаи ин китоб баҳра бурдаанд, расонам.
Воқеан, аз рӯи ин асар филм ҳам бардоштаанд, ки дар ТВ-ҳои мо ба тоҷикӣ тарҷума карда, солҳои охири асри 20 намоиш медоданд, аммо ҳеч мӯхтавои асарро саҳнавӣ кардан натавонистаанд.

Cахт нодонам ҳанӯз

Солҳо пушти саранду сахт нодонам ҳанӯз,
Дар қарори як нигори сустпаймонам ҳанӯз.

Дар ғирому дар ҳисоби бозиҳои ошиқӣ,
Кӯдаке аз бачаҳои кӯдакистонам ҳанӯз.

Зоҳирам гар офтобист, дар дилам борони ғам,
Дар ҳавои офтобӣ зери боронам ҳанӯз.

…Ёди ту дар пуштаҳои хотирам гул мекунад,
Гул надорад рангу бӯе ман зимистонам ҳанӯз.

Бо вуҷуди дар намозам зикр кардан номи ту,
Қибларо сӯи ту кардам, ман мусулмонам ҳанӯз.

Гуфта андар васфи рӯят шоирон шеъри сафед,
Ман ба авсофи ту, эй хушрӯ, ғазалхонам ҳанӯз

Хуб медонам, ки қатъи шарт кардӣ, бевафо,
Дар шигифтам, ки чаро ман бо ту мемонам ҳанӯз?

© Душанбе. 18 ноябри соли 2013

 

Панҷрӯд

Абдумаҷид Авезов месарояд.

Мешавад?

Мешавад андӯҳҳоро шодӣ кард?
Шодиҳоро сарфи як ободӣ кард?

Дар канори боғҳои хотирам,
Гулбуни ёди туро шамшодӣ кард?

Мешавад ширинии таъми лабат,
Вояе дар кулчаи қаннодӣ кард?

Дар шамоли ғуссаҳои пойизам,
Гандуми зулфи шуморо бодӣ кард.

Мешавад бо теғи абрӯи шумо,
Бар дили мо ҳамлаю ҷаллодӣ кард!

Ҳолиё дар Бесутуни Ширине,
Мешавад бо Хусраве фарҳодӣ кард?

Кош мешуд соли фавти ғуссаро,
Дуҳазору сездаҳ (мелодӣ) кард.

© Душанбе. 23 октябри соли 2013