Дўстон
Вакте суруди Юлдуз Усмонова “Санамгинам”-ро мешунавам, харчанд чизе аз он намефахмам, аммо маро холате фаро мегирад, ки тасвирношудани! Дилам аз фарах пур мегардад, хам барои чизе (ё касе) фишурда мешавад. Мехохам гаштаву баргашта онро шунаваму шунавам ва худамро дар хамон рузхои хуше хис кунам, ки гузаштанд. Бебозгашт гузаштанд, ману чавониам ба кадри он рузхо нарасидем. Ин суруд дустонамро ба хотири ман меорад. Бахусус нафаре аз онхоро, ки ман дусташ медоштаму медорам. Вай дар хавои ин суруд он чунон аргушт мерафт, ки мани бинанда об мешудам ва у хам об шудани маро медиду завк мекард. Ман хеч гох ин сурурдро барои ба ёд овардани он даврон махсус гуш накардаам ва дар хеч кучо аз он нусхае хам надорам. Метавонистам аз он нусхабардори кунам ва хар гохе онро шунаваму гузаштаро пеши назар орам, аммо намехохам, ки гузаштаам ин кадар бекадр шавад. Мехохам баногох даруни автобус ё мошине, сари куча ё бозор, тарабхона ё туйхона ин мусикиро шунавам, он гох ба ман эхсосе даст медихад, ки ба зури худро контрол мекунам.Холо ин дустони ман аз хам парокандаанд, шояд на, шояд ман аз онхо хабар надораму онхо хама аз холу ахволи хам вокифанд? Шояд хамин тавр бошад. Шояд онхо маро хеч гох ёд намекунанд, ин маро заррае хам гамгин намесозад. Шояд онхо дустони нав, машгулияти нав пайдо кардаанд, мисле ки ман хам дустони наву шугли нав дорам, аммо ба хар сурат ман онхоро фаромуш кардан наметонам. Онхо як чузъи азими чавонии мананд, ки хеч наметонам, аз ёд бубарамшон. Агар онхо марову он айёмро аз ёд бурдаанд, боре ба ин суруд гуш диханд, аминам, ки маро хоханд ба ёд оварду дарк кард. (Барои шунидани ин суруд ба ин
сахифа равед)
_________________________________________________________________________________________
Бегонаи наи, ки гуям биё, биё
Дустони ман! Ин проект барои мову Шумост, барои наслхои оянда аст, аз ин ру ман шуморо ба хамкори даъват мекунам. Хар кас дар бораи ман хар чизе медонад, хар чизе гуфтан мехохад, пешниходи ачибе дорад, ё маро эрод гирифтани хаст, дар сахифаи якум “Оставить комментарий“-ро пахш кунад ва хостахояшро хамончо навишта кунад. Зам намудани сурати худро ба навиштаатон фаромуш накунед. Ё онро бо адреси panjrud@mail.ru ва ё shuhratihazratshoh@gmail.com ба ман фиристед.
