Андеша

1.03.10

ИНтиХОБот гузашт?

Интихобот њам гузашт. Демократї буд, якдилона буд, ё не, баргузор шуд. Ба њар њол агар ба Кумитаи марказии интихобот ва раъйпурсиву омораш, њисоботи назоратчиёни байналхалќї, изњороту эътирозу норозигии маѓлубшудагон, суру шодии интихобшудагон назар кунем, дарк мекунем, ки интихобот дар Тољикистон баргузор шудааст. Агар намешуд, пас њамаи ин аз куљо мешуд? Пайдост, ки њар маъракаи сиёсї тарафдорону зид, ќаноатмандону ноќонеъњо дорад, вагарна намешавад, ки онро умимихалќиву демократї ном бурд. Алалхусус, дар кишваре, ки 8 њизби гуногунмаъво дорад, албатта норозињо бояд бисёр бошанд. Аммо њайрат ин љост, ки аз натиљањои интихобот шубња кардан, нишонаи набудани демократия аст? Ё демократия њаст, ки барои шубња кардан шароит мусоид шудааст? Ба назар чунин мерасад, ки Демократияи мо њамон «демо» аст, ба мисли барномањои «демоверсия». Барномањои компютерї, ки барои санљиш ба муддате дода мешавад, агар роњашро ёфтем, мўњлаташро тамдид мекунем ва љонамон роњат мекунад… Ќисмати зиёд – 71,69 фоизи овозњоро соњиб шудани Њизби халќии демократии Тољикистон бе асос нест, зеро шумораи аъзоёнаш нисбати дигар њизбњо зиёд аст ва аксари раисону аъзоёни комиссияњои њавзавї шодихўрдаи ин њизбанд, болои ин тарѓиб дар ин њизб хуб ба роњ монда шудааст, чун имконияту шароит барои ин мусоид аст. Хонандае изњор мекунад, ки њељ боварам намеояд, ки дар Тољикистон њамин фоиз коммунистњо бошанду ба њизби тарафдорони ислом, ки сартосари љумњурї мусулмонанд, ин миќдор овоз расида бошад. Хонандаи дигаре занг зада мегўяд, ки чун дар пешорўи сохтмони Роѓун ќарор дорем, аз интихобот мунозираи сиёсї ташкил набояд кунем, то барои бегонагон ангуштнамо нашавем. Бигузор, роњбарони њизбњо љамъ меомаданду муросо мекарданд ва овозњоро баробари шумораи аъзоёнашон таќсим мекарданд. Хандаовар, аммо агар чуќур мулоњиза кунем, варианти ганда нест… Рост, ки ин хонандањо аз хориљи кишваранд ва намедонанд, ки вазъ дар Тољикистон чї гуна аст, намедонанд, ки мо ба њамаи намуди раъйдињиву интихобу овоздињї омодаем, балки моро омода кардаанд. Аммо аз љониби дигар Тољикистон аллакай як маротиба парламенти демократї дошт ва интихобкунанда то њол микрофонбозии онњоро дар сессияњо фаромўш накардааст ва намехоњад, ки толори парламент барои чунин сиёсатбозињо, ки оќибаташ ба њама маълум аст, хизмат кунад. Зеро ин толор бо мењнати интихобкунанда сохта шудааст, рўшноиву гармиву нармї ва зиёда аз ин роњати намояндагон аз њисоби интихобкунанда аст. Чун барояш самимона хизмат намекунанд, пас курсии худро аќалан бояд эњтиром кунанд. Мо ба кї овоз додем, ё овози мо ба кї дода шуд, муњим нест, муњим ин аст, ки аз сари мо – интихобкунандаи бе ин њам серкору сертарадуд як кору тарадуде соќит шуд. Пас, метавонем то чанд соли дигар аз ИНтиХОБот нафаси озод кашем.

___________________________________________________________

11.02.10

Сармои соли 2008

Сармои зимистон соли 2008, ки дар дањ соли охир чунин хунукии ќањратун дар ёди касе набуд, аз хотири мардуми тољик нарафтааст. Дар ин ваќт Тољикистон бе барќ ва газ монд. Аз хунукї пиронсолон ва тифлон мурданд! Дар зоишгоњ парастандањо аз беберќї лол монданду модарон тифлашонро аз даст доданд. Њамон ваќт ба њама маълум шуд, ки то замоне Тољикистон истиќлолияти энергетикї ба даст намеорад, чунин хунукиву чунин ќурбонї такрор хоњанд шуд, зеро сарчашмаи энергия ва гармї дар дасти бегонагон аст. Касе дар он ваќт аз мудани одамон дар Тољикистон дар ташвиш нашуд. Њамсоя ба њаќи худ баробар аст, мегўянд тољикон. Аз номаи љавобии Оќил Оќилов ба хамтои узбекаш бармеояд, ки Тољикистон борњо хоњиши љониби Ўзбекистонро дар мавриди зиёд кардани њаљми оби дарёњо ба инобат гирифта, аз оби захираи Норак ба миќдори зиёд сар додааст. Бо вуљуди њамин ќадар мушкилињо Тољикистон њељ ваќт ба њамсояи худ назари бад ва фикри хатову њасад накардааст, чун медонад, ки вазъу шароити њамсоя бењ бошад, вазъи минтаќа њам бењ хоњад шуд. Аммо аминем, ки тољикон њељ гоњ он сарморо фаромўш нахоњанд кард, сармое, ки сабаби асосии бунёди ин Иншооти азиму таќдирсоз шудааст!

___________________________________________________________

10.02.10

«Чаро»-њои ташвишовар

Дар њаќиќат агар гирем, аз назари њама ба сохтмони Роѓун ин гуна сару кор гирифтани љониби Ўзбекистон ба љуз аз њасад дигар чизеро ба хотир намеорад. Дар сурати бунёди бомуваффаќонаи ин лоиња Тољикистон пурра ба истиќлолияти энергетикї мерасад ва њатто дар минтаќа яке аз содиркунандагони асосии ќувваи барќ, ки аз љињати экологї босифат аст, мешавад. Ин ба Тољикистон имкон медињад, ки ба чанд мустаќилияти дигар њам даст ёбад ва заминае барои рушди босуръат дар давлатдорї гузорад. Маълум аст, ки ин ба «бародари калонї» писанд нест ва намехоњад, ки «хурдї» дар минтаќа болонишин шавад. Чї тавр мешавад, ки Тошканди дар минтаќа нуфуздошта барои чанд гектар замини корам (бе ин њам заминњо аз њисоби обанборњои нав обёрї мешаванд) манфиатњои сиёсии абарќудратиро дар минтаќа аз даст дињад? Чї тавр мешавад, ки Тољикистон пурра мамлакатро бо барќ таъмин кунаду боз ба кишварњои дуру наздик онро фурўшад ва Ўзбекистон аз он бенасиб бошад? Ана њамин чароњо дастгоњи Ислом Каримовро ба ташвиш овардааст. Аммо аз харидории якдилонаи сањмияњо ва маблаѓгузории мардуми ќатории Тољикистон бармеояд, ки азми халќу давлати кишвар барои бунёди ин иншооти азим ќавї аст ва њељ ќуввае наметавонад, ки садди роњ шавад.

___________________________________________________________

17.10.09

Ваќте фањмидам, ки ба президенти Амрико Барак Обама љоизаи сулњи Нобел додаанд, аз њайрат дањонам воз монд. Бовар кунед, ман гумон мекардам, ки чунин намуди љоизадињї (яъне рўихотиркуниву ошнобозиву лагандбардорї) танњо дар Тољикистон буда метавонад. Медонам, ки Обама њам на камтар аз ман ба шок афтодааст, зеро вай медонад, ки коре накардааст, ки сазовори њељ љоиза бошад, ба хусус чунин љоизаи арзишманд. Мувофиќи фањмиши ман љоизаи Нобелро (на танњо Нобел, балки умуман љоизаро) барои касе медињанд, ки коре кардааст, аммо на барои ваъда. Агар ин тавр аст, аз њама љоизтарин лауреат гўяндаи маќоли «Бузак, бузак, намур, бањор меояд» аст. Зеро ин шахси гумном ваъдае, ки ба буз додааст, аз њамаи ваъдањои Обамаву Ќасри сафедаш ќоимтар аст. Пас, маълум мешавад, ки об аз боло лой будааст? Не, аз боло ба мо лойобаро филтр карда медодаанд. Мукофоти Нобел акнун дар назари ман мисли мактаби дењаам шудаст, ки ваќте муаллимони пуртаљриба аз гаронии рўзгор тарки он карданд, њар касе, ки хост он љо мудир шуд. Њатто нафаре њам роњбари он буд, ки на танњо таљрибаи роњбарї, балки саводи казої надошт. Ана њамаин тавр, дўстон ман. Аз ин пас, барои њар чизи камарзиш зиќ нашавед, аз дусар мукофоти Нобел ба шумо намерасад.

____________________________________________________________

07.08.09

Ман аз омадани љаноби Медведев ба Тољикистон ва кушода шудани ГЭС-и Сангтўда натавонистам хушнудї кунам, зеро радиои дастиам хабар дод, ки аз 1 август нархи барќ дар Тољикистон ба 7,5 дирам барои 1 квт. муќаррар шудааст. Бобоям мегуфтанд, ки ними умратро дењу рўшної бихар, аммо ман ба хикмати ин гуфтахо сарфахм намерафтам. Гумон мекардам (њоло њам бисёрињо шояд чунин фикр кунанд) барќро дар назар доранд ва мани содда ба лампочкаи болои сарам эњтиром доштам ва њар ваќте Муродуллоњи Сорокї барои љамъ кардани пули сарфи барќ меомад, бо иззат ба зери пояш курсї менињодам, то баланд шаваду раќамњоро дар њисобкунак аз наздик бубинад. Намедонистам, ки бобои Рустамшоњам рўшної гуфта хирадро дар назар доштаанд, на нури иличиро. Як рўз ваќте бобоям бар њисоби Муродуллоњ шубња карданду эътироз намуданд, дар њайрат шудам. Сорокї дар љавоб гуфт, ки нархи барќ афзудааст ва ў наметавонад, ба мисли пештара њисоб кунад. Вай пули он ваќт бисёреро ба папкаи ѓафсаш тиќонду рафт ва ман њайратамро пеши бобоям арз кардаму аз њикматашон ёдоварї кардам. Гуфтанд: «Дангоса, ман рўшної гуфта хирадро дар назар доштам, ки туву Муродуллоњу њамоне, ки нархи барќро ќиммат кардааст, онро надоред».

____________________________________________________________

01.07.09

Дар сари минбари парлумон аз рохи дарози Анзобу тунели Истиклол (хеч зарурат ба хамин шикоф набуд) хабаре надоранд. Ба гуши Ислом Каримов бояд расонд, то роххояшро кушояду мардумро аз азоби ин бесаводон рахонад. Чи гуна метавонад хитои ва ё эрони дар назди рохбари кишвараш (дар назди Худоро ба инобат намегирем) хисобот дихад, ки дар Точикистон ном кишваре рох кушодаасту гурухе онро барои мардум пулаки кардаанд? Ман немефахмам, ки максад аз кушодани рох чи аст? Ва фарки хамоне, ки ин рохро пулаки кардааст, аз Каримов дар чист? Дар Шодмондара мурдан бех аст, аз он ки чигилдони бетаги баъзехоро пур кард. Хеч чои айб наст, ки таъна кунанд, ки пулашро дар рох дарег дошту мурд. Пул, ки надорад аз кучо дихад? Мачбур аст чонашро дихад… Не, хайр пул дорад ва чаро бояд онро барои касе дихад? Шумо аз ки пурсида чунин кардед? Хамон рохи пештараро баркарор кунед. Касе мехохад зудтар расад, чун пул дорад, аз шикофи шумо мегузарад, касе бепул аст аз хамон рохи Худо меравад. Яъне, барои пулаки кардани рох шумо бояд алтернатива мекардед. Акнун Каримов метавонад, роххояшро боз кунад ва бо ними маблаги шумо муайянкарда дар ихтиёри мусофирон гузорад. Лекин вай хам бекалла, не, метарсад. Охир чї хел натарсад. Аз чунин одамоне, ки рохро барои фукарои хеш пулаки кардаанд, натарсидан ахмакист! _______________________________________________________

06.06.09
Чун аз хиёбони Саъдӣ мегузаштам, чашмам ба навиштаи суроғаи ин кӯча афтод, ки навишта буданд: «хиёбони Саъди Шерозӣ». Ба ҳамаи ин бесаводӣ кай хотима медода бошанд? Наход ҳамин қадар чизи оддиро фаҳм карда натавонанд? Чӣ тавр метавонанд баҳузур дар ҳамон курсиашон нишинанд, вақте номи Саъдиро дуруст навишта наметавонанд? Маълум аст, ки дар мактаби миёна ҳам таҳсилнадидаанд, вагарна лар китоби дарсӣ бо ин ном борҳо дучор шудан мумкин аст.
Аз навиштаҳо эълону рекламаҳои ин шаҳр дили кас буҳузур мешавад. Тарҷумаҳои хушку холии таҳтуллафзӣ ифодагари ҳеч чиянд. Каллаҳои нависандаҳои ин рекламаҳо холӣ аст магар? Оре, холӣ аст, онҳо ба ҷои пур кардани калла, меъдаҳои бетаги худро пур карданианд. Охир ин ҷо пойтахти як давлат аст, на Кӯктоши ноҳияи Рӯдакӣ!
Дар дохили як автобусчаи хитоӣ Билолов гулӯ даронда чунин мехонд: «Тоҷикистон, бо хасу хорат баробар зиндагӣ кардан бас аст». Албатта, ӯву Бозор задаро ба «зиндагӣ» мондаанд, аммо беҳтар ин аст, ки ба «бас аст» монда шавад ва аломати хитоб гузошта шавад. _______________________________________________________

5 .06. 2009

Дар хабар ҳаст, ки чанд рӯзе пеш як аэробус дар рӯи уқёнус ба садама дучор шудааст, ки аз Бразилия ба Фаронса рафтанӣ будаст. Гуфта мешавад, ки дар ин фалокат 228 нафар нобуд шуданд. Рӯҳашон ором бошад! Дар як сӯҳбат нафаре гуфт, ки рӯзе чанди афғону фаластиниву ироқӣ ҷони худро аз даст медиҳанд, чанд тан ҳинду аз гармӣ мурданд, садҳо африқоиҳо аз гуруснагӣ ҳалок шуданд, ҳеҷ касро парвое нест, аммо бо афтодани як самолёт ва мурдани чанд кас дунёро андӯҳу ғирев фаро гирифтааст. Ин нафар шояд дуруст мегуфт, агар як чизро ба назар намегирифт. Дар ин фалокат намояндаи 32 давлат ба ҳалокат расиданд ва ҳамаи онҳо шаҳравандоне буданд, ки барои давлаташон қадре доштанд. Яъне, онҳо имконияти аз Бразилия ба Фаронса парвоз кардан доранд, дар ҳоле, ки аз ин давлатҳо нестанд. Пас, онҳо қудратманд ҳастанд. Чун онҳо қудрат доранд, як заррае аз қудрати давлати хеш ҳастанд. Ана, барои чӣ ба мурдани онҳо давлат месӯзад. Ин аст фарқи онҳо аз мурдаҳои ҷанги Афғону Фаластину Ироқ ва ҳинду Африқо. Албатта, ин андешаи ман аст. Шояд ба касе писанд намеояд. Ба гуфти Фотеҳ Абдулло «Фикрҳо ҳам модаву нар мешаванд… Фикрҳоро фикрҳо мезояно…» _______________________________________________________

24.05.2009
Ҳамин ҳоло ман дар бораи хатоӣ андеша меронам ва чунон созгор шуда, ки як ғазали шиори шинохта Камол Насрулло бароям дар талқини ин маънӣ мадагор гашт.
Хато
Ҳар қадар комил шавам, донам, ки ҷонам норасост,
Ҳар қадар хат рўи дафтар мекашам, бинам хатост.
Аввало созиш накардам бо навои созу сўз,
Инак, аз ҳар носазо имрўз агар сўзам, сазост.
Соҳиби мансаб агар боло равад аз роҳи кибр,
Дон, ки бунёдаш тиҳӣ аз маъниву пур аз ҳавост.
Аз гадотабъон умеди порсогиро макун,
Ганчи Қорунро агар бахши, гадо зоташ гадост.
Бешубҳа, кас бо гузашти сол кордидаву озмуда мешавад ва дар кўраи сарду сўзони зиндагӣ гудохта, мепазаду мерасад, аммо мебинам, ки ҳаёт ин тавр нест. Ҳар рўз барои ман таҷрибаи нав, имтиҳони наве дар пеш аст.
Пештар андеша доштам, ки мо барои як рўз бояд зиндагӣ кунем. Яъне, чун саҳар аз хоб мехезем, бояд донем, ки ҳамин рўз зиндагӣ мекунему тамом. Фардо агар аз хоб хестем, хайр, вагар не…
Бояд чун офтоб зист, ба маънои томаш! Мисли нурҳои офтоб, ки пардаи осмонро дарида ба рўи одамон механдад.