Оё, ки ҳастем?

Илҳом аз шеъри «Барои соҳибназарон»-и Устод Лоиқ

Номи баланде дар Шарқ дорем,
Дар оби рӯйҳо мо ғарқ дорем.
Дар саргаҳи об дорем сад НОБ,
Сад шикваю ғам аз барқ дорем.

Аз мардумони озодагонем,
Озод, аммо чун бардагонем.
Ҳар кулфати мо аз хоб, аммо
Осудагиро дар хоб донем.

Дорем то ҳол сад ифтихоро,
Аз хиттаи Ҷам, аз мулки Доро.
Аммо, ки холист аз мову манҳо,
Шаҳри Самарқанд, тахти Бухоро.

Дар кӯча мастем, дар хона пастем,
Аз мардумони дунёпарастем.
Аз худ гузашта, аз хеш пурсем:
— Оё кӣ ҳастем? Оё, ки ҳастем?

©Душанбе. 14.12.14

Об авторе shuhrat

Ман Шухрат Давлатшоев зодаи Панчруди Рудаки хастам, ки баъди хатми ДДМТ ба номи Ленин дар мактаби деха омузгори кардаам ва баъдтар ба Душанбе омада, дар рузномахои "Чумхурият", "Крим-инфо", "Точикистон", "Зангула", "Фараж", радиои "Ватан", "Гол" кор кардаам. Холо мухаррири мохномаи кудаконаи "Зангула" хастам.
Запись опубликована в рубрике Салом. Добавьте в закладки постоянную ссылку.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *