Салом дўстони ман!

Ман Шуморо интизор будам, интизории ман тўл накашид ва инак, Шумо меҳмони ман ҳастед.
Дӯст ояд гарм дар оғӯш гир,
Расми хуби тоҷиконро гум макун!

Шояд Шумо худро дар меҳмонии ману андешаҳоям нороҳат ҳис кунед, аммо ман ҳар чї ҳастам, ҳаминам, маро ҳамин тавре, ки ҳастам, қабул кунед. Он гоҳ Шумо дўсти ҳақиқиед, вагарна бароятон љои беҳтарин www.odnoklasniki.ru аст.
Баъзан ман барои дӯстонам мегӯям, ки муҳим он нест, ки ман чӣ мегӯям, балки муҳим он аст, ки ман чӣ мекунам. Ҳамин навиштаҳои ман гуфтан нест, балки амал аст, ҳамин бунёди хонаи интернетӣ шаҳодати амал аст.
Ба ҳеч (аслан ин калима бо «ч» навишта мешавад) “марҳамат” нагуфтанҳои ман аҳамият надиҳеду “қадам” ранҷа кунед.
Равоқи манзари чашми ман ошёнаи туст,
Карам намову фуруд о, ки хона хонаи туст!

Шўҳрат ________________________________________________________________

комментариев: 24

  1. Абдулшофеъ написал(а):

    Cалом! Хеле хуб! Гап нест (нет слов). Так держать!

  2. Абдулшофеъ написал(а):

    Барои чи суратхои Панчруд нест?

  3. shuhrat написал(а):

    Салом Абдушофеъ! Хеле хурсандам, ки аз ин сахифа дидан карди! Худо хохад, хамин, ки шароит даст дод, албатта хамааш мешавад. Хар чизе навишта дори, бароям бифирист, ман онро ин чо дар сахифа сабт мекунам.
    Шухрат

  4. Parvina написал(а):

    Ха-ха рафик Давлатшоев, ана мехмон шудем, лекин чою дастархонатон кани??? Мехмона хамин хел пешвоз мегиранд-ми? Магар чунин пешвозгири мехмонон расми хуби точикон аст?

  5. shuhrat написал(а):

    Салом Парвина!
    Медонед, “дуст ояд гарм дар огуш гир” гуфтаанд.
    Боз гуфтаанд, ки “Дили холи биёи майлат, аммо, Наё ту дасти холи хонаи ман!”
    Шухрат

  6. HAKIM написал(а):

    SHURIK! A STUDENCHESKIE GODI?

  7. shuhrat написал(а):

    Ooo, salom dustam! Skoro budet’, esli smojesh otprav svoi vspominanie, i konechno fotografii.
    S uvajeniem Shuhrat

  8. Ало написал(а):

    Салом акаи Шухрат. Барои чи Афзал Панчуруди будасту Накиб Саидо не!
    Хохиш менамоем хатогиатонро ислох намоед. Набошад Одинаи Узбак, Туйчии Фони ва Акрами Андарихам сураташа монед.

  9. shuhrat написал(а):

    Салом Аъло! Медонам, ки Накиб Саид хам панчрудист, аммо холо маълумоту суратхои ин шоири забардастро дар даст надорам. Бо аввалин имконият дар бораи уву дигар шахсони машхури деха маълумот зам хохам кард. Интизор бош!

  10. Fолиб написал(а):

    Салом Устод! Мо аз Шумо фахр мекунем! Кушед то бештар дар бораи Панчруд ва абармардони ин диёр ба сомонаи худ ворид созед!

  11. shuhrat написал(а):

    Салом Голиб!
    Хушхолам, ки аз ин сахифа дидан карди! Хар чизе лоики дар ин сайт чо кардан дар даст дори ба почтаи ман бифирист, миннатдор мешавам.
    Шухрат

  12. zubaidullo написал(а):

    Салом ба акаи Шуҳрат .
    Сомонаи шуморо тоҷикони штати Вермонт дида хело хурсанд шуданд, ташаккур .Агар имконият даст диҳад сурудҳои Афзалшоро тариқи mp3 гузоред. Бо эҳтиром хабарнигори маҷалаи ЧАШМА аз ИМА.

  13. Бахтиёр написал(а):

    Салом Ако. Мехмони нохондаро кабул намоед (аммо мо бехтар аз тотор :)
    Сайтатон хеле ачоиб. Сайт хам ба мисли як хона аст, чун сохтан ё хариди хонаро табрик гўякнд мо ба Шумо боз намудани хонаи виртуалиатонро табрик мегўем.

    Андешахоятонро хондаму настроениам дигар (+) шуд (дар бораи Саъди Шерозй). Ба ин аблаххо ин кадар эътибор надихед, онхо чунон хатохое мекунанд, ки!!! Шумо як маротиба пули дахсомонаммонро гиреду харф ба хар хонед (албатта шеърашро). Чунон хатогии аблахонаву дагалона, ки.

    Агар хуб мешуд, дар поёни андешахоятон чои “Оставить комментарий” мегузоштед…

    Худо нигахдоратон бошад.
    Бо эхтиром Бахтиёр аз Ягноб.

  14. Murod написал(а):

    Салом,
    хеле хуб вале навоварихо кам,,,

  15. Sinoi Ibodullo написал(а):

    Салом устоди мехрубон ман аз ин сайти кушодаи Шумо хеле хурсанд шудам.

  16. Davlatmurod Kurbonov написал(а):

    Салом Устод! Ман сайти кушодаи Шуморо дида хеле хурсанд шудам! Вале чаро навовари ба назар намерасад?

  17. shuhrat написал(а):

    Салом Fолиб. Хамин, ки имкон даст дод албатта менависам. Агар тавони ягон маводи хуб дар бораи диёр бароям фирист. Муваффак бош.
    Шухрат.

  18. shuhrat написал(а):

    Салом ба точикон ИМА!
    Хеле хушам, ки сайти маро хондаед. Мутаассифам, ки наметавонам хохиши шуморо ичро кунам, зеро хануз сахифаи ман имконияти чой додани МР3-ро надорад.
    Бо эхтиром Шухрат

  19. shuhrat написал(а):

    Салом Бахтиёр!
    Хушхолам аз суханхоят! Мархабо ба кулбаи мо!
    Навиштахоятро зам кардам ва медонам, ки он чо чанд хатои услубиву мантики хаст вале дар ин маврид хомуш будан бехтар аст.
    Барори кор!
    Шухрат

  20. shuhrat написал(а):

    Салом Мурод!
    Навовари дар сайтхои хабари бешта хаст дустам, хаёти мо якранг аст, аз ин ру чизи нав камтар аст дар сайт, вале умед дорам, ки бо аввалин фурсат онро зиёдтар кунам.
    Комёб бош!
    Шухрат

  21. shuhrat написал(а):

    Салом Сино!
    Ташаккур, Худо ба ту илми Синои бузургро дихад!
    Муваффакият!
    Шухрат

  22. shuhrat написал(а):

    Салом Давлатмурод!
    Ба хурсандии ту мо хам шарикем. Агар навигари мехохи ягон лахзаи хаётро ба хотир ор, ман онро ин чо сабт хохам кард. Харчанд аз солхои муаллимиам ёддоштхо хастанд (махсусан дар синфи шумо), вале фурсат даст намедихад.
    Барори кор!
    Шухрат

  23. Maълима написал(а):

    Салом! Давоми кино чи шуд????

  24. shuhrat написал(а):

    Ман барои ту кинотеатрам? Холо мохвораам кор намекунад, хамин ки бех шуд, давомашро “тамошо” хохи кард.

Оставить комментарий


captcha сменить код
Введите этот код:
(защита от роботов)